https://sputnik.tj/20220123/bozgasht-dukhtari-nazarboeva-iqtibos-umari-khayom-1045074692.html
Бозгашти духтари Назарбоев ба шабакаҳои иҷтимоӣ: ӯ аз Умари Хайём иқтибос овард
Бозгашти духтари Назарбоев ба шабакаҳои иҷтимоӣ: ӯ аз Умари Хайём иқтибос овард
Sputnik Тоҷикистон
Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон ба шабакаҳои иҷтимоӣ баргашт
2022-01-23T18:00+0500
2022-01-23T18:00+0500
2022-01-24T18:02+0500
иҷтимоъ
қазоқистон
нурсултон назарбоев
осиёи марказӣ
духтар
оила
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044785316_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_fdc46edce7951a829bd816d82ce6ff93.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Алия Назарбоева, ки саҳифаҳои иҷтимоияшро зимни нооромиҳои охири Қазоқистон тоза карда буд, дубора ба шабакаҳо омад. Ба навиштаи Sputnik Қазоқистон, он вақт шабакаи "Instagram" муайян кард, ки духтари Назарбоев дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қарор дорад. Ӯ он замон бинои сӯхтаи ҳукумати Алмааторо нашр карда, аз рух додани чунин ҳодиса изҳори нигаронию таассуф карда буд. Хабар дода мешавад, ки баъди беш аз як ҳафта Назарбоева саҳифаҳояшро дар "Facebook" ва "Instagram" барқарор карда, дар яке аз нахустин паёмҳояш аз андарзҳои Умари Хайём, шоири форс иқтибос овардааст. Ӯ навиштааст, Худоро вақти шодмоният ёд кун, то вақти ғамгиният туро ёд кунад. Паёми қаблӣ, ки 13-уми январ нашр шуда буд, аз Дубай ва паёми ҷадид аз Қазоқистон нашр гардидааст. Духтари хурдии раисҷумҳури собиқи Қазоқистон 41 сол дошта, ба тиҷорат, фаъолияти иҷтимоӣ, хайрия ва филмсозӣ машғул аст. Аз моҳи ноябри соли 2017 Алия роҳбарии Ассотсиатсияи созмонҳои экологӣ дар Қазоқистонро бар уҳда дорад.Ёдовар мешавем, дар пайи эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аксари расонаҳо навиштанд, ки Нурсултон Назарбоев ҳамроҳ бо хонаводааш ин кишварро тарк кардааст. Худи Назарбоев бо нашри як навор изҳор дошт, ки давлати пирӣ меронаду дар Қазоқистон қарор дорад.
https://sputnik.tj/20220118/nazarboev-toqaev-rais-nur-otan-1044908450.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044785316_0:0:2048:1537_1920x0_80_0_0_1c12d0236225717e0f7cea7c64760d58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
духтар, назарбоев, алия назарбоева, бозгашт, иқтибос, умари хайём
духтар, назарбоев, алия назарбоева, бозгашт, иқтибос, умари хайём
Бозгашти духтари Назарбоев ба шабакаҳои иҷтимоӣ: ӯ аз Умари Хайём иқтибос овард
18:00 23.01.2022 (Навсозишуда: 18:02 24.01.2022) Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон ба шабакаҳои иҷтимоӣ баргашт
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Алия Назарбоева, ки саҳифаҳои иҷтимоияшро зимни нооромиҳои охири Қазоқистон тоза карда буд, дубора ба шабакаҳо омад.
Ба навиштаи Sputnik Қазоқистон, он вақт шабакаи "Instagram" муайян кард, ки духтари Назарбоев дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қарор дорад. Ӯ он замон бинои сӯхтаи ҳукумати Алмааторо нашр карда, аз рух додани чунин ҳодиса изҳори нигаронию таассуф карда буд.
Хабар дода мешавад, ки баъди беш аз як ҳафта Назарбоева саҳифаҳояшро дар "Facebook" ва "Instagram" барқарор карда, дар яке аз нахустин паёмҳояш аз андарзҳои Умари Хайём, шоири форс иқтибос овардааст. Ӯ навиштааст, Худоро вақти шодмоният ёд кун, то вақти ғамгиният туро ёд кунад.
Паёми қаблӣ, ки 13-уми январ нашр шуда буд, аз Дубай ва паёми ҷадид аз Қазоқистон нашр гардидааст.
Духтари хурдии раисҷумҳури собиқи Қазоқистон 41 сол дошта, ба тиҷорат, фаъолияти иҷтимоӣ, хайрия ва филмсозӣ машғул аст. Аз моҳи ноябри соли 2017 Алия роҳбарии Ассотсиатсияи созмонҳои экологӣ дар Қазоқистонро бар уҳда дорад.
Ёдовар мешавем, дар пайи эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аксари расонаҳо навиштанд, ки Нурсултон Назарбоев ҳамроҳ бо хонаводааш ин кишварро тарк кардааст. Худи Назарбоев бо нашри як навор изҳор дошт, ки давлати пирӣ меронаду дар Қазоқистон қарор дорад.