https://sputnik.tj/20220123/afzoishi-hajm-tedodi-stipendiya-raisi-shahri-istaravshan-1045068039.html
Афзоиши ҳаҷм ва теъдоди стипендияҳои раиси шаҳри Истаравшан
Афзоиши ҳаҷм ва теъдоди стипендияҳои раиси шаҳри Истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
Бо қарори раиси шаҳри Истаравшан ҳаҷми стипендияи раиси шаҳр барои хонандагони болаёқат афзоиш дода шуд
2022-01-23T09:45+0500
2022-01-23T09:45+0500
2022-01-24T16:24+0500
дар тоҷикистон
суғд
истаравшан
мақомот
стипендия
донишҷӯ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102854/25/1028542562_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_51c45c1ebd289d6440c6ccc14523d16b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии раиси шаҳри Истаравшан, аз 14 январи соли 2022 ҳаҷми стипендияи раиси шаҳр барои хонандагони болаёқат ба 1000 (ҳазор) сомонӣ расонида шуда, теъдоди стипендия аз 50 ба 65 адад расонида шуд.Қайд карда шудааст, ки тибқи низомнома, 15 стипендияи нав ба хонандагони Литсейи касбӣ-техникии шаҳр (5 адад), Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ (5 адад) ва Коллеҷи тиббии шаҳр (5 адад) пешбинӣ шудааст.Манбаъ таъкид кардааст, ки таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон дар ҳудуди кишвар эътибори бештар зоҳир дода мешавад.Манбаъ ёдрас шудааст, ки дар соли хониши 2021 шумораи гирандагони стипендияи раиси шаҳр аз 20 нафар ба 50 нафар расонида шуда, маблағи солонаи гирандагони стипендия ба 900 сомонӣ, дар умум 45 000 сомонӣ барои 50 нафар муқаррар гардида буд.
https://sputnik.tj/20220113/farmon-prezident-maosh-nafaqa-idrorpuli-ziyod-1044799381.html
суғд
истаравшан
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102854/25/1028542562_214:0:2943:2047_1920x0_80_0_0_4d4b302deba20c5f88ea00f5dea2f73d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, истаравшан, стипендия, донишҷӯ, афзоиш
тоҷикистон, истаравшан, стипендия, донишҷӯ, афзоиш
Афзоиши ҳаҷм ва теъдоди стипендияҳои раиси шаҳри Истаравшан
09:45 23.01.2022 (Навсозишуда: 16:24 24.01.2022) Бо қарори раиси шаҳри Истаравшан ҳаҷми стипендияи раиси шаҳр барои хонандагони болаёқат афзоиш дода шуд
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии раиси шаҳри Истаравшан, аз 14 январи соли 2022 ҳаҷми стипендияи раиси шаҳр барои хонандагони болаёқат ба 1000 (ҳазор) сомонӣ расонида шуда, теъдоди стипендия аз 50 ба 65 адад расонида шуд.
Қайд карда шудааст, ки тибқи низомнома, 15 стипендияи нав ба хонандагони Литсейи касбӣ-техникии шаҳр (5 адад), Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ (5 адад) ва Коллеҷи тиббии шаҳр (5 адад) пешбинӣ шудааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон дар ҳудуди кишвар эътибори бештар зоҳир дода мешавад.
“Иқтидору имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад”, - қайд кард манбаъ.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки дар соли хониши 2021 шумораи гирандагони стипендияи раиси шаҳр аз 20 нафар ба 50 нафар расонида шуда, маблағи солонаи гирандагони стипендия ба 900 сомонӣ, дар умум 45 000 сомонӣ барои 50 нафар муқаррар гардида буд.