https://sputnik.tj/20220122/tolib-badakhshon-masjid-jarima-1045058744.html
Толибҳо дар Бадахшон онҳоеро, ки ба масҷид намераванд, ҷарима мекунанд
Толибҳо дар Бадахшон онҳоеро, ки ба масҷид намераванд, ҷарима мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми ҷарима барои намоадан ба масҷид барои адои намоз 5 доллар муқарар шудааст
2022-01-22T16:30+0500
2022-01-22T16:30+0500
2022-01-24T14:34+0500
иҷтимоъ
афғонистон
толибон
бадахшон
ҷарима
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/14/1041022547_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_cb26ede1d9672772375127dc94056a2c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Толибон дар Бадахшон сокинонро барои ҳозир нашудан ба масҷид барои намоз панҷ доллар ҷарима мекунанд.Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар шабакаи "Telegram"-и худ бо истинод ба "8am.af" хабар медиҳад.Бино ба гузориши манбаъ, бо ин роҳ толибҳо дар масҷиди Дашти Сулаймони ноҳияи Ёвон 73 сокинро ҷарима бастаанд.Ҳамакнун ҳар касе, ки дастури хондани панҷ вақт намозро ба таври дастаҷамъӣ иҷро намекунад, ба буҷаи маҳаллӣ 500 афғонӣ ё 10 дарсади маоши якмоҳаи ходими сатҳи поини давлатиро пур мекунад. Дар минтақаҳои дигар, ки ба нақзи ин мамнуият вокуниш карданӣ мешаванд, то ҳол бо "суҳбати тарбиявӣ" рӯ ба рӯ шудаанд.Пештар хабар дода шуд, ки толибон як ҷавони 19-соларо барои гӯш кардани мусиқӣ ба қатл расонидаандҲодиса дар деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон рух дод. Ҷавони кушташуда Воҳидуллоҳ ном дошт ва нав мактабро хатм карда буд.Ба гуфтаи манобеъ, толибон нахуст телефони мобилии ӯро хостаанд ва пай бурдаанд, ки ӯ мусиқӣ гӯш мекунад, ӯро латукӯб кардаанду сипас куштаанд.Тарошидани риш дар бархе аз манотиқи Афғонистон ҳаром эълом шудМанобеъ ба рӯзнома гуфтаанд, ки ин ҷавон бар асари хунравии шадид дар роҳ ба бемористони вилояти Файзобод ҷон додааст.Аммо мақомоти ҳукумати таҳти раҳбарии толибон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.
https://sputnik.tj/20220117/tolibon-uruzgon-doshtani-salla-rish-1044874927.html
афғонистон
бадахшон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/14/1041022547_130:0:2861:2048_1920x0_80_0_0_a655333209243d3437b30ace27091b2a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷарима, толибон, намозхонӣ, афғонистон, бадахшон
ҷарима, толибон, намозхонӣ, афғонистон, бадахшон
Толибҳо дар Бадахшон онҳоеро, ки ба масҷид намераванд, ҷарима мекунанд
16:30 22.01.2022 (Навсозишуда: 14:34 24.01.2022) Ҳаҷми ҷарима барои адо накардани намоз дар масҷид панҷ доллар муқарар шудааст
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Толибон дар Бадахшон сокинонро барои ҳозир нашудан ба масҷид барои намоз панҷ доллар ҷарима мекунанд.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар шабакаи "Telegram"-и худ бо истинод ба "8am.af" хабар медиҳад.
Бино ба гузориши манбаъ, бо ин роҳ толибҳо дар масҷиди Дашти Сулаймони ноҳияи Ёвон 73 сокинро ҷарима бастаанд.
Ҳамакнун ҳар касе, ки дастури хондани панҷ вақт намозро ба таври дастаҷамъӣ иҷро намекунад, ба буҷаи маҳаллӣ 500 афғонӣ ё 10 дарсади маоши якмоҳаи ходими сатҳи поини давлатиро пур мекунад.
Дар минтақаҳои дигар, ки ба нақзи ин мамнуият вокуниш карданӣ мешаванд, то ҳол бо "суҳбати тарбиявӣ" рӯ ба рӯ шудаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки толибон як ҷавони 19-соларо барои гӯш кардани мусиқӣ ба қатл расонидаанд
Ҳодиса дар деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон рух дод. Ҷавони кушташуда Воҳидуллоҳ ном дошт ва нав мактабро хатм карда буд.
Ба гуфтаи манобеъ, толибон нахуст телефони мобилии ӯро хостаанд ва пай бурдаанд, ки ӯ мусиқӣ гӯш мекунад, ӯро латукӯб кардаанду сипас куштаанд.
Манобеъ ба рӯзнома гуфтаанд, ки ин ҷавон бар асари хунравии шадид дар роҳ ба бемористони вилояти Файзобод ҷон додааст.
Аммо мақомоти ҳукумати таҳти раҳбарии толибон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.