https://sputnik.tj/20220122/tojikiston-koronavirus-omor-1045066492.html
Дар Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус зиёд шуд: омори нав
Дар Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус зиёд шуд: омори нав
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторӣ ба коронавирус дар 24 соати ахирро нашр намуд
2022-01-22T21:07+0500
2022-01-22T21:07+0500
2022-01-24T16:18+0500
дар тоҷикистон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040291349_0:0:2958:1665_1920x0_80_0_0_cbfe12f8e8294b8622111ef68c25defb.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон мавориди сироятёбӣ ба коронавирус бештар шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 36 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус миёни шаҳрвандон сабт гашт.Ин нишондиҳанда нисбат ба як рӯзи қабл 13 нафар зиёд мебошад.Пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ рӯзи 21- уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.Ин ниҳоди мушаххас накардааст, ки оё навъи омикронии коронавирус, ки дар кишварҳои ҳамсоя пайдо шуд, миёни гирифторони нав дар Тоҷикистон ҳаст ва ё на.Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17154 нафар гирифторони сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар шифо ёфтаанд.Ҳамчунин табибон ҷони 124 бемори COVID -19-ро наҷот дода натавонистанд.Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.Тибқи тавсияҳои Ситоди оперативӣ оид ба мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.Суръати эмгузаронии ахолӣ низ зиёд карда шуд. Ҳамзамон табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.
https://sputnik.tj/20220121/tojikiston-koronavirus-moyakubi-1045010047.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040291349_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_7df0e49da4f4e8e0c2f5c98f755fa42f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон гирифтор коронавирус омори
тоҷикистон гирифтор коронавирус омори
Дар Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус зиёд шуд: омори нав
21:07 22.01.2022 (Навсозишуда: 16:18 24.01.2022) Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторӣ ба коронавирус дар 24 соати ахирро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон мавориди сироятёбӣ ба коронавирус бештар шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 36 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус миёни шаҳрвандон сабт гашт.
Ин нишондиҳанда нисбат ба як рӯзи қабл 13 нафар зиёд мебошад.
Пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ рӯзи 21- уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳоди мушаххас накардааст, ки оё навъи омикронии коронавирус, ки дар кишварҳои ҳамсоя пайдо шуд, миёни гирифторони нав дар Тоҷикистон ҳаст ва ё на.
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17154 нафар гирифторони сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамчунин табибон ҷони 124 бемори COVID -19-ро наҷот дода натавонистанд.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.
Тибқи тавсияҳои Ситоди оперативӣ оид ба мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.
Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Суръати эмгузаронии ахолӣ низ зиёд карда шуд. Ҳамзамон табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.