https://sputnik.tj/20220122/nopadid-du-faol-afghoniston-1045061201.html
Зане, ки бо фиғон кумак металабид ва намехост, дарро ба рӯйи толибҳо кушояд, нопадид шуд
Зане, ки бо фиғон кумак металабид ва намехост, дарро ба рӯйи толибҳо кушояд, нопадид шуд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагии кумаки СММ дар Афғонистон аз нопадид шудани ду фаъол хабар дод
2022-01-22T17:30+0500
2022-01-22T17:30+0500
2022-01-24T14:41+0500
афғонистон
толибон
смм
нопадид
зан
бедарак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711445_0:0:3080:1733_1920x0_80_0_0_ce190f0f2b3296cefb9007964b8346ba.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) аз нопадид шудани ду фаъоли ҷамъиятии афғонистонӣ нигарон аст.Яке аз ин занон Таманно Париёнӣ мебошад, ки ҳолати аз ҷониби толибон шикастани дарвоза ва бо зӯрӣ ворид шудан ба манзилашро сабт карда буд.СММ аз толибҳо даъват кардааст, ки дар бораи макони будубоши онҳо маълумот диҳанд ва ҳуқуқи шаҳрвандонро эҳтиром кунанд, гуфта мешавад дар изҳороти UNAMA. "СММ нигаронии худро аз нопадид шудани ду зани фаъоли афғон Таманно Париёнӣ ва Парвона Иброҳимхелро, ки бино ба гузоришҳо, шаби чаҳоршанбе аз хонаҳояшон рабуда шудаанд, иброз медорад. Мо аз толибҳо даъват мекунем, ки дар бораи макони будубоши онҳо иттилоъ диҳанд ва аз ҳуқуқи ҳамаи афғонҳо ҳимоят кунанд", - гуфта мешавад дар изҳороти UNAMA дар "Twitter".Қаблан толибон ваъда дода буданд, ки ҳуқуқи занон танҳо дар чорчӯби Ислом ҳифз хоҳанд шуд ва ваъда дода буданд, ки барои занон дар ҷиҳати анҷоми фаъолияти кории худ қоидаҳои мувофиқ таҳия мекунанд. Пас аз ба қудрат расидани толибон фаъолзанони афғонистонӣ борҳо дар як қатор шаҳрҳои ин кишвар бо даъвати эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва таъмини намояндагӣ дар ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ тазоҳурот карданд. Дар яке аз иқдомҳои ахир занон ихтори дода буданд, ки дар сурати нигоҳ доштани маҳдудият дар ҷомеа бо либоси мардона зоҳир мешаванд.Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳоАвоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.Толибон пас аз ҳуҷуми ҷабҳа ба кофтукови манзилҳои панҷшериён пардохтандШаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
https://sputnik.tj/20220120/dodu-zan-afghon-hamla-tolibon-1044966483.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711445_220:0:2951:2048_1920x0_80_0_0_b77a1267cb15a5e451a67272b55bdbad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бедарак, ду фаъоли иҷтимоъӣ, афғонистон
бедарак, ду фаъоли иҷтимоъӣ, афғонистон
Зане, ки бо фиғон кумак металабид ва намехост, дарро ба рӯйи толибҳо кушояд, нопадид шуд
17:30 22.01.2022 (Навсозишуда: 14:41 24.01.2022) Намояндагии СММ дар Афғонистон аз нопадид шудани ду фаъоли ҷамъиятӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) аз нопадид шудани ду фаъоли ҷамъиятии афғонистонӣ нигарон аст.
Яке аз ин занон Таманно Париёнӣ мебошад, ки ҳолати аз ҷониби толибон шикастани дарвоза ва бо зӯрӣ ворид шудан ба манзилашро сабт карда буд.
СММ аз толибҳо даъват кардааст, ки дар бораи макони будубоши онҳо маълумот диҳанд ва ҳуқуқи шаҳрвандонро эҳтиром кунанд, гуфта мешавад дар изҳороти UNAMA.
"СММ нигаронии худро аз нопадид шудани ду зани фаъоли афғон
Таманно Париёнӣ ва Парвона Иброҳимхелро, ки бино ба гузоришҳо, шаби чаҳоршанбе аз хонаҳояшон рабуда шудаанд, иброз медорад. Мо аз толибҳо даъват мекунем, ки дар бораи макони будубоши онҳо иттилоъ диҳанд ва аз ҳуқуқи ҳамаи афғонҳо ҳимоят кунанд", - гуфта мешавад дар изҳороти UNAMA дар "Twitter".
Қаблан толибон ваъда дода буданд, ки ҳуқуқи занон танҳо дар чорчӯби Ислом ҳифз хоҳанд шуд ва ваъда дода буданд, ки барои занон дар ҷиҳати анҷоми фаъолияти кории худ қоидаҳои мувофиқ таҳия мекунанд.
Пас аз ба қудрат расидани толибон фаъолзанони афғонистонӣ борҳо дар як қатор шаҳрҳои ин кишвар бо даъвати эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва таъмини намояндагӣ дар ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ тазоҳурот карданд.
Дар яке аз иқдомҳои ахир занон ихтори дода буданд, ки дар сурати нигоҳ доштани маҳдудият дар ҷомеа бо либоси мардона зоҳир мешаванд.
Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо
Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.