https://sputnik.tj/20220122/dargiri-jabha-tolibon-panjsher-1045056757.html
Даргирии шадиди ҷабҳа ва толибҳо дар Панҷшер
Даргирии шадиди ҷабҳа ва толибҳо дар Панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки ин даргирии миёни толибон ва Ҷабҳаи муқовимат шадид будааст
2022-01-22T10:32+0500
2022-01-22T10:32+0500
2022-01-24T13:55+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
афғонистон
даргирӣ
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900206_0:163:3068:1889_1920x0_80_0_0_9f7a87e0c028bfbe40c0896d050664b3.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Миёни толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар Панҷшер даргирӣ ба вуқуъ пайвастааст.Тибқи гузориши расонаҳои маҳаллии Афғонистон, ин таниш шадид ҷараён гирифтааст.Муқовимат пас аз он сурат гирифтааст, ки толибҳо мошини сарбозони ҷабҳаро дар ноҳияи Рухаи Паншҷер минагузорӣ кардаанд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон дар шабакаи "Telegram"-и худ бо истинод ба "8am.af".Гуфта мешавад, даргирӣ шадид будааст ва ба дунболи он толибҳо теъдоде аз сокинони маҳаллиро боздошт кардаанд. Далели тарконидани мошин дар мина аз сӯи Абубакри Сиддиқ, сухангӯи волӣ таъйид шудааст, аммо ба гуфтаи ӯ, толибон талафот надоштаанд, ҳеҷ як аз сокинони маҳаллӣ боздошт нашудааст.Дар бораи талафот аз ҷониби сарбозони ҷабҳа низ иттилоъ дода нашудааст.Ин дар ҳолест, толибон бори нахуст расман эътироф карданд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон ҳузури физикӣ дорад ва толибҳо 8 сарбози ҷабҳаро дар даргирӣ дар вилояти Балх нобуд карданд.Толибҳо гуфтаанд, дар пайи ин таниш аз ҷабҳа 1 пулемиёт, 1 рокет-7 ва 6 автомати "Калашников"-ро ғанимат гирифтаанд.Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳоАвоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.Ҳикматёр: Худованд аз ҳукумате, ки бо ҷабҳа созиш мекунад, рӯй мегардонадШаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.Ҷабҳаи муқовимати миллии АфғонистонҶабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.
https://sputnik.tj/20220121/tolibon-nabard-jabha-muqovimat-1045026005.html
https://sputnik.tj/20220120/qudratro-jabha-muqovimat-hamalot-1044967953.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900206_225:0:2956:2048_1920x0_80_0_0_185c81479de6b0659f04b72ed632d93f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, ҷабҳаи муқовимат, афғонистон
толибон, ҷабҳаи муқовимат, афғонистон
Даргирии шадиди ҷабҳа ва толибҳо дар Панҷшер
10:32 22.01.2022 (Навсозишуда: 13:55 24.01.2022) Гуфта мешавад, даргирӣ шадид будааст ва ба дунболи он толибҳо теъдоде аз сокинони маҳаллиро боздошт кардаанд
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Миёни толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар Панҷшер даргирӣ ба вуқуъ пайвастааст.
Тибқи гузориши расонаҳои маҳаллии Афғонистон, ин таниш шадид ҷараён гирифтааст.
Муқовимат пас аз он сурат гирифтааст, ки толибҳо мошини сарбозони ҷабҳаро дар ноҳияи Рухаи Паншҷер минагузорӣ кардаанд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон дар шабакаи "Telegram"-и худ бо истинод ба "8am.af".
Гуфта мешавад, даргирӣ шадид будааст ва ба дунболи он толибҳо теъдоде аз сокинони маҳаллиро боздошт кардаанд.
Далели тарконидани мошин дар мина аз сӯи Абубакри Сиддиқ, сухангӯи волӣ таъйид шудааст, аммо ба гуфтаи ӯ, толибон талафот надоштаанд, ҳеҷ як аз сокинони маҳаллӣ боздошт нашудааст.
Дар бораи талафот аз ҷониби сарбозони ҷабҳа низ иттилоъ дода нашудааст.
Ин дар ҳолест, толибон бори нахуст расман эътироф карданд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон ҳузури физикӣ дорад ва толибҳо 8 сарбози ҷабҳаро дар даргирӣ дар вилояти Балх нобуд карданд.
Толибҳо гуфтаанд, дар пайи ин таниш аз ҷабҳа 1 пулемиёт, 1 рокет-7 ва 6 автомати "Калашников"-ро ғанимат гирифтаанд.
Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо
Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.