https://sputnik.tj/20220121/tojikiston-havo-istirohat-1045013206.html
Ҳуҷуми сардиҳо: тоҷикистониёнро рӯзҳои истироҳат чӣ гуна ҳаво интизор аст
Ҳуҷуми сардиҳо: тоҷикистониёнро рӯзҳои истироҳат чӣ гуна ҳаво интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Шанбеи дар пешистода дар кишвар боришот фаровон шуда, дар тамоми минтақаҳо ҳарорати ҳаво паст мешавад
2022-01-21T13:00+0500
2022-01-21T13:00+0500
2022-01-21T14:54+0500
дар тоҷикистон
пешгӯӣ
обу ҳаво
борон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044860529_0:40:3071:1767_1920x0_80_0_0_c372c8d22175d4ffb403b9ee558a3da6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор дар назар буда, дар водиҳо борон меборад ва дар кӯҳҳо ҳарорати зери сифр пешбинӣ мешавад.Тибқи пешгӯии Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳарорати рӯзона дар водиҳо то 10-12 дараҷа паст мешавад.Дар Душанбе рӯзи шанбе бориши борон дар назар аст. Борон ба барф табдил меёбад, меғи ғафс мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона аз -1 то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шабона -5-7 дараҷа, рӯзона +2 то -4 дараҷа сард, дар баъзе ноҳияҳо низ боришот пешгӯӣ шуда, барф меборад ва бод то 17 метр дар як сония мевазад. Аммо дар манотиқи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ шабона асосан то 9 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо шабона то 17 дараҷа ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад. Аллакай нисфирӯзии якшанбе дар пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво бебориш шуда, танҳо шабона дар баъзе ҷойҳо барф меборад ва меҳ мефарояд. Дар вилояти Суғд рӯзҳои 22-23 январ боридани барф, шамоли сахт ва туман ваъда шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 3 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа, дар кӯҳҳо то 9 дараҷа сард, дар баъзе ҷойҳо шабона то 16 дараҷа хунук ва рӯзона то 0-0 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи шанбе абрӣ мешаваду барф меборад ва рӯзи якшанбе офтобӣ мешавад. Дар водиҳо шабона то 15 дараҷа хунук, рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад. Аммо дар шарқи ВМКБ шабона дар ҷойҳо то 32 дараҷа, дар мавзеи Булункӯл то 42 дараҷа ва рӯзона 11 дараҷа ва дар баъзе ҷойҳо то 19 дараҷа сард мешавад. Дар ҷануби кишвар дар вилояти Хатлон 22 январ боришот шуда, шамол то 22 метр дар як сония мевазад ва рӯзи дигар ҳавои офтобӣ ва соф хоҳад шуд. Ҳаво дар водиҳо ҳам шабона ва ҳам рӯзона 0-5 дараҷа, дар доманакӯҳҳо 5 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20210112/Peshbinii-obuhavoshinoson-az-narm-shudani-havo-dar-okhiri-yanvar-az--35-daraa-to--18-1032607836.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044860529_135:0:2866:2048_1920x0_80_0_0_e315cf1b73dd0d30499c0891e37c4a6f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳаво, рӯзҳои истироҳатӣ, тоҷикистон
ҳаво, рӯзҳои истироҳатӣ, тоҷикистон
Ҳуҷуми сардиҳо: тоҷикистониёнро рӯзҳои истироҳат чӣ гуна ҳаво интизор аст
13:00 21.01.2022 (Навсозишуда: 14:54 21.01.2022) Шанбеи дар пешистода дар кишвар боришот зиёд шуда, дар тамоми минтақаҳо ҳарорати ҳаво паст мешавад
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор дар назар буда, дар водиҳо борон меборад ва дар кӯҳҳо ҳарорати зери сифр пешбинӣ мешавад.
Тибқи пешгӯии Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳарорати рӯзона дар водиҳо то 10-12 дараҷа паст мешавад.
Дар Душанбе рӯзи шанбе бориши борон дар назар аст. Борон ба барф табдил меёбад, меғи ғафс мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона аз -1 то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шабона -5-7 дараҷа, рӯзона +2 то -4 дараҷа сард, дар баъзе ноҳияҳо низ боришот пешгӯӣ шуда, барф меборад ва бод то 17 метр дар як сония мевазад.
Аммо дар манотиқи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ шабона асосан то 9 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо шабона то 17 дараҷа ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Аллакай нисфирӯзии якшанбе дар пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво бебориш шуда, танҳо шабона дар баъзе ҷойҳо барф меборад ва меҳ мефарояд.
Дар вилояти Суғд рӯзҳои 22-23 январ боридани барф, шамоли сахт ва туман ваъда шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 3 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа, дар кӯҳҳо то 9 дараҷа сард, дар баъзе ҷойҳо шабона то 16 дараҷа хунук ва рӯзона то 0-0 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи шанбе абрӣ мешаваду барф меборад ва рӯзи якшанбе офтобӣ мешавад.
Дар водиҳо шабона то 15 дараҷа хунук, рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад. Аммо дар шарқи ВМКБ шабона дар ҷойҳо то 32 дараҷа, дар мавзеи Булункӯл то 42 дараҷа ва рӯзона 11 дараҷа ва дар баъзе ҷойҳо то 19 дараҷа сард мешавад.
Дар ҷануби кишвар дар вилояти Хатлон 22 январ боришот шуда, шамол то 22 метр дар як сония мевазад ва рӯзи дигар ҳавои офтобӣ ва соф хоҳад шуд.
Ҳаво дар водиҳо ҳам шабона ва ҳам рӯзона 0-5 дараҷа, дар доманакӯҳҳо 5 дараҷа гарм мешавад.