Шарҳи мақомоти қирғиз дар бораи ҳамла ба ронандаи "КамАЗ" аз Тоҷикистон

© пресс-служба ГПС КРПограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы
Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Обуна шудан
Мақомот Қирғизистон мегӯянд, хабари ҳамлаи шаҳрвандони ин кишвар ба ронандаи худрави "КамАЗ" аз Тоҷикистонро таҳқиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 21 янв – Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро огоҳ кардааст, ки шаҳрвандони кишвараш мошини ронандаи тоҷикро шикастаанд. Аммо дар бораи ҳамла ба худи ронанда хабар дода нашудааст, иттилоъ дод Хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Мақомоти марзбонӣ афзуданд, ки 20 январ дар роҳи деҳаи Оқсой танҳо мошини "КамАЗ" бо рақамҳои тоҷикистониро диданд, ки бо суръати баланд ба самти деҳаи Хоҷаи Аъло ҳаракат дошт.
Зикр шудааст, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷонибҳо ин ҳодисаро таҳқиқ карда истодаанд. Вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мегардад.
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Аҳмадзода ба Исфара рафт: сангборони “КамАЗ” аз сӯи қирғизҳоро ба баррасӣ мегузорад
Ин дар ҳолест, ки ахиран хабар дода шуд, Насруллобек Асламов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ вақте савори “КамАЗ” аз Ворух ба Чоркӯҳ ҳаракат мекард, дар ҳудуди маҳаллаи Оқсой як гурӯҳ қирғизҳо пеши роҳаш баромада, мошинашро сангборон ва худи ӯро латукӯб намудаанд.Дар натиҷа шишаҳо ва чароғҳои мошин шикастаанд.
Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мошине, ки мавриди сангзании қирғизҳо қарор гирифтааст, ҳомили бор буд ва аз Ворух ба самти Чоркӯҳ ҳаракат мекард, вале дар маҳалли Оқсой қирғизҳо ба он дарафтодаанд.
Роҳи миёни Чоркӯҳ ва Ворух аз миёни маҳаллаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад ва ин макон то ин вақт борҳо шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0