https://sputnik.tj/20220121/saforat-tojikistoni-darmonda-skhinvaliro-vatan-1045021841.html
Сафорат 38 тоҷикистонии дармонда дар Схинвалиро ба Ватан баргардонд
Сафорат 38 тоҷикистонии дармонда дар Схинвалиро ба Ватан баргардонд
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои баргардондани шаҳрвандони дармонда дар шаҳри Схинвали мусоидат кардаст
2022-01-21T15:15+0500
2022-01-21T15:15+0500
2022-01-21T17:13+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
сафорат
шаҳрвандон
абхазистон
осетияи ҷанубӣ
баргардонд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102490/86/1024908682_0:0:1241:699_1920x0_80_0_0_1c94a0b25c75c7b46857b76c18a2a4a9.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Гурӯҳи 38-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Осетияи Ҷанубӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонда шуданд. Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, шаҳрвандони мазкур ба далели маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияи коронавирус ва дигар сабабҳо дар шаҳри Схинвалӣ банд монданд. Ин дар ҳолест, моҳи октябри соли гузашта низ гурӯҳи 18-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Схинвалӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонда шуд.Чунин ҳолатҳо дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон қаблан низ рух дода ва махсусан дар шароити пандемия чунин муроҷиатҳо аз ҷониби муҳоҷирон афзоиш ёфта буданд.Дар бисёре аз ҳолатҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти кор ба Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазитон мераванд, вале зимни бозгашт дар сарҳад дучори мушкил мешаванду дармемонанд. Бо ин ҳол бо мусоидати сафорат дар чанд ҳолат долони транзитӣ барои бозгашти шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон ба Ватан ташкил шуда буд.
https://sputnik.tj/20220118/muhojiron-darmongohhoi-kudakona-muoinai-tibbi-1044911646.html
абхазистон
осетияи ҷанубӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102490/86/1024908682_37:0:1140:827_1920x0_80_0_0_951daf859c7610b5bfcc44a06097fb7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозгашт, осетия, тоҷикистонӣ, дармонда, схинвали, ватан
бозгашт, осетия, тоҷикистонӣ, дармонда, схинвали, ватан
Сафорат 38 тоҷикистонии дармонда дар Схинвалиро ба Ватан баргардонд
15:15 21.01.2022 (Навсозишуда: 17:13 21.01.2022) Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои баргардондани шаҳрвандони дармонда дар шаҳри Схинвалӣ мусоидат кардааст
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Гурӯҳи 38-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Осетияи Ҷанубӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонда шуданд.
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, шаҳрвандони мазкур ба далели маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияи коронавирус ва дигар сабабҳо дар шаҳри Схинвалӣ банд монданд.
"Зимни сафари онҳо ба Тоҷикистон аз ҷониби сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуданд. Сафорат кӯшиш мекунад, ки дар чунин ҳолатҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат кунад", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, моҳи октябри соли гузашта низ гурӯҳи 18-нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Схинвалӣ дармонда буданд, ба Ватан баргардонда шуд.
Чунин ҳолатҳо дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон қаблан низ рух дода ва махсусан дар шароити пандемия чунин муроҷиатҳо аз ҷониби муҳоҷирон афзоиш ёфта буданд.
Дар бисёре аз ҳолатҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти кор ба Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазитон мераванд, вале зимни бозгашт дар сарҳад дучори мушкил мешаванду дармемонанд. Бо ин ҳол бо мусоидати сафорат дар чанд ҳолат долони транзитӣ барои бозгашти шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон ба Ватан ташкил шуда буд.