https://sputnik.tj/20220121/qirghiziston-berun-shudan-khorijiyon-muhlat-1045022556.html
Қирғизистон барои берун шудани хориҷиён муҳлат дод: то кай?
Қирғизистон барои берун шудани хориҷиён муҳлат дод: то кай?
Sputnik Тоҷикистон
Ба хориҷиён тавсия дода мешавад, ки то 1 март Қирғизистонро тарк кунанд ва ё барои будубоши қонунӣ ҳуҷҷат (виза, сабти ном) пешниҳод кунанд.
2022-01-21T16:03+0500
2022-01-21T16:03+0500
2022-01-21T18:34+0500
қирғизистон
осиёи марказӣ
раводид
шаҳрвандони хориҷӣ
будубош
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102284/90/1022849056_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_5391789c7d85d23b7bd469f36449d77a.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Девони Вазирони Қирғизистон муҳлати амали “долони сабз” (афви муҳоҷиратӣ) барои шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандро муайян кард.Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хабар медиҳад.Гуфта мешаад, ки бо дарназардошти барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ ва заминӣ бо кишварҳои дигар муҳлати "долони сабз" барои хориҷиён якуми марти соли 2022 анҷом меёбад.Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тавсия дода мешавад, ки то 1 март Қирғизистонро тарк кунанд ё барои будубоши қонунӣ дар ин кишвар ҳуҷҷат (виза, бақайдгирӣ) омода кунанд.Раводидро дар шакли электронӣ аз тариқи портали "Электронная виза" (evisa.e-gov.kg) бо далели мавҷуд будани асос барои иқомат дар ин ҷумҳурӣ гирифтан мумкин аст.Вазорат қайд мекунад, ки пас аз 1 март хуруҷи хориҷиён аз Қирғизистон, ки қоидаҳои будубошро вайрон кардаанд, танҳо пас аз пардохти ҷарима ва додани раводид имконпазир хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, дар давраи маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 дар ҷаҳон шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд (то 1 март) бидуни гирифтани раводиди хуруҷ ва сабти ном дар маҳалли зисти муваққатӣ аз қаламрави Қирғизистон берун шаванд.
https://sputnik.tj/20211203/qirghiziston-vurudi-diplomat-tojik-taghyir-1043918511.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102284/90/1022849056_0:0:721:541_1920x0_80_0_0_25e9de83b10b8024d209802bc61da925.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буду бош, қирғизистон, хориҷиён
буду бош, қирғизистон, хориҷиён
Қирғизистон барои берун шудани хориҷиён муҳлат дод: то кай?
16:03 21.01.2022 (Навсозишуда: 18:34 21.01.2022) Ба хориҷиён тавсия мешавад, ки то якуми март Қирғизистонро тарк ё барои будубоши қонунӣ ҳуҷҷат (раводид ё иҷозаи иқомат) пешниҳод кунанд
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Девони Вазирони Қирғизистон муҳлати амали “долони сабз” (афви муҳоҷиратӣ) барои шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандро муайян кард.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешаад, ки бо дарназардошти барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ ва заминӣ бо кишварҳои дигар муҳлати "долони сабз" барои хориҷиён якуми марти соли 2022 анҷом меёбад.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тавсия дода мешавад, ки то 1 март Қирғизистонро тарк кунанд ё барои будубоши қонунӣ дар ин кишвар ҳуҷҷат (виза, бақайдгирӣ) омода кунанд.
Раводидро дар шакли электронӣ аз тариқи портали "Электронная виза" (evisa.e-gov.kg) бо далели мавҷуд будани асос барои иқомат дар ин ҷумҳурӣ гирифтан мумкин аст.
Вазорат қайд мекунад, ки пас аз 1 март хуруҷи хориҷиён аз Қирғизистон, ки қоидаҳои будубошро вайрон кардаанд, танҳо пас аз пардохти ҷарима ва додани раводид имконпазир хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, дар давраи маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 дар ҷаҳон шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд (то 1 март) бидуни гирифтани раводиди хуруҷ ва сабти ном дар маҳалли зисти муваққатӣ аз қаламрави Қирғизистон берун шаванд.