https://sputnik.tj/20220121/kreml-sputnik-v-sjb-zudtar-etirof-1045032410.html
Кремл изҳори умедворӣ кард, ки "Спутник V" аз ҷониби СҶБ зудтар эътироф мешавад
Кремл изҳори умедворӣ кард, ки "Спутник V" аз ҷониби СҶБ зудтар эътироф мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Песков изҳори умедворӣ намуд, ки ваксинаи "Спутник V" дар ояндаи надик аз ҷониби СҶБ эътироф хоҳад шуд
2022-01-21T17:50+0500
2022-01-21T17:50+0500
2022-01-21T19:12+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
кремл
сҷб
дар русия
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032836547_0:159:3079:1890_1920x0_80_0_0_be02811c703789032f8ee4ae3bcc7701.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дмитрий Песков изҳори умедворӣ кард, ки эътирофи ваксинаи русии зидди коронавируси "Спутник V" аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ояндаи наздик сурат хоҳад гирифт. Дар идома сухангӯи президенти Русия зикр намуд, ки таъсири "Спутник V" алайҳи штамми нави коронавирус - омикрон собит шудааст.Қаблан олимони Маркази ба номи Гамалея изҳор карда буданд, ки ваксинаи русии "Спутник V" фаъолнокии штамми омикрони коронавирусро дар қиёс бо доруи "Pfizer" ду баробар камтар мекунад."Ваксинаи "Спутник V" як титри масунияти безараргардонии вирусро ба штамми омикрон (B.1.1.529) дар муқоиса бо ду вояи ваксинаи "Pfizer" (умумӣ 2,1 маротиба ва 2,6 маротиба зиёдтар - се моҳ пас аз ваксина) нишон дод", - гуфта шуд дар баёнияи матбуотӣ пас аз як таҳқиқоти муштарак бо Институти миллии бемориҳои сироятии Итолиё "Lazzaro Spallanzani".Илова бар ин коршиносон ба хулосае омаданд, ки истифодаи "Спутника лайт" ҳамчун муқаввӣ масуниятро бар зидди омикрон то дараҷае афзоиш медиҳад, ки дар робита ба муҳофизат аз шиддати аслӣ бо "Спутник V" муқоиса карда мешавад.Пажуҳишгарони рус ва итолиёӣ инчунин қайд мекунанд, ки истифодаи "Спутник Лайт" ҳамчун як қисми якҷояи ваксинаҳо беҳтарин роҳи баланд бардоштани самаранокии онҳо ва тамдиди муҳлати муҳофизат аст.
https://sputnik.tj/20220120/sputnik-v-pfizer-ziyodtar-omikron-masuniyat-1045004438.html
кремл
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032836547_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_104dd7db4fabcdaa002c99623826be88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кремл спутник v сҷб
Кремл изҳори умедворӣ кард, ки "Спутник V" аз ҷониби СҶБ зудтар эътироф мешавад
17:50 21.01.2022 (Навсозишуда: 19:12 21.01.2022) Котиби матбуотии президенти Русия изҳори умедворӣ намуд, ки ваксинаи "Спутник V" дар ояндаи надик аз ҷониби СҶБ эътироф хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дмитрий Песков изҳори умедворӣ кард, ки эътирофи ваксинаи русии зидди коронавируси "Спутник V" аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ояндаи наздик сурат хоҳад гирифт.
"Мо умедворем, ки ин дар ояндаи наздик эътироф мешавад. Кор бо ин созмон идома дорад... Аз ин рӯ мо умедворем, ки дар ояндаи наздик ин кор сурат мегирад", - чунин посух дод Песков ба савол дар бораи эътирофи ваксина.
Дар идома сухангӯи президенти Русия зикр намуд, ки таъсири "Спутник V" алайҳи штамми нави коронавирус - омикрон собит шудааст.
Қаблан олимони Маркази ба номи Гамалея изҳор карда буданд, ки ваксинаи русии "Спутник V" фаъолнокии штамми омикрони коронавирусро дар қиёс бо доруи "Pfizer" ду баробар камтар мекунад.
"Ваксинаи "Спутник V" як титри масунияти безараргардонии вирусро ба штамми омикрон (B.1.1.529) дар муқоиса бо ду вояи ваксинаи "Pfizer" (умумӣ 2,1 маротиба ва 2,6 маротиба зиёдтар - се моҳ пас аз ваксина) нишон дод", - гуфта шуд дар баёнияи матбуотӣ пас аз як таҳқиқоти муштарак бо Институти миллии бемориҳои сироятии Итолиё "Lazzaro Spallanzani".
Илова бар ин коршиносон ба хулосае омаданд, ки истифодаи "Спутника лайт" ҳамчун муқаввӣ масуниятро бар зидди омикрон то дараҷае афзоиш медиҳад, ки дар робита ба муҳофизат аз шиддати аслӣ бо "Спутник V" муқоиса карда мешавад.
Пажуҳишгарони рус ва итолиёӣ инчунин қайд мекунанд, ки истифодаи "Спутник Лайт" ҳамчун як қисми якҷояи ваксинаҳо беҳтарин роҳи баланд бардоштани самаранокии онҳо ва тамдиди муҳлати муҳофизат аст.