Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Баҳси марзӣ: қирғизҳо “КамАЗ”-и сокини Исфараро сангборону ронандаро латукӯб кардаанд

© пресс-служба ГПС КРСмотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото
Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Обуна шудан
Гурӯҳе аз қирғизҳо як мошини боркаш, “КамАЗ”-и сокини Исфараро дар роҳ сангборон ва ронандаи онро латукӯб намудаанд
ДУШАНБЕ, 21 янв – Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз муноқишае миёни сокинони наздимарзӣ сар задааст. Ин аввалин ҳодиса дар соли 2022 мебошад.
Ин бор мошини боркаши тамғаи “КамАЗ”-и сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ва ронандааш мавриди сангборони қирғизҳо қарор гирифтааст.
Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мошине, ки мавриди сангзании қирғизҳо қарор гирифтааст, ҳомили бор буд ва аз Ворух ба самти Чоркӯҳ ҳаракат мекард, вале дар маҳалли Оқсой қирғизҳо ба он дарафтодаанд.
“Мошин ба Асламов Насруллобек Султонбекович, сокини ҷамоати Чоркӯҳ тааллуқ дорад, ки ба Ворӯх маводи озуқа мекашонд. Рӯзи 20-уми январ дар роҳ қирғизҳо монеи ҳаракаташ шуда, ба сангпартоӣ гузаштаанд. Ба ронанда низ гурӯҳӣ ҳамла намудаанд, хушбахтона, ба Асламов осеби ҷиддӣ нарасидааст”, - гуфт котиби матбуотии ҳукумати Исфара.
След от пули на окне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Шаби ноором: боз тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Роҳи миёни Чоркӯҳ ва Ворух аз миёни маҳаллаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад ва ин макон то ин вақт борҳо шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, қарор аст, 21 январ масъулони ҷамоатҳои наздимарзии Исфара вуқуи ин ҳодисаро якҷо бо масъулони ноҳияи Ботканд ба баррасӣ гиранд.
Зубайдулло Шомадов вазъи марз бо Қирғизистонро ором арзёбӣ намуд.
Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз дар ин бора иттилое надодааст.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ахиран вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрели соли 2021 дар пайи як баҳс сари дарғот ё мавзеи обтақсимкуни “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳонаи миёни низомиёни ду кишвар печид.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро муттаҳам ба оғоз кардани ин даргирӣ мекунанд. Бар асари ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз ҳар ду тараф шумори қурбониёнро беш аз 55 нафар ҳисоб кардаанд.
Тоҷикистон гуфт, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидааст. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Мобильный комплекс видеонаблюдения на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таҳқиқи муноқишаҳои марзӣ тавофуқ карданд
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар рӯзи якуми май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад.
Феълан гурӯҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рухдоди муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0