Вакили Украина се роҳҳалли мушкили Донбассро ном бурд

© Sputnik / А. Горячев / Гузариш ба медиабонкЛиния электропередачи постоянного тока Волгоград - Донбасс. Архивное фото
Линия электропередачи постоянного тока Волгоград - Донбасс. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Вакили Радаи болоӣ - парлумони Украина хостори барқарорсозии муносиботи иқтисодӣ бо Донбасс шуд
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Юрий Бойко, вакили парлумон аз Ҳизби платформаи мухолиф - барои ҳаёт ҷиҳати ҳалли мушкили Донбасс маҷмае аз қарорҳоро зарур медонад.
Дар навбати аввал зарур аст, тамоми нерӯ ва аслиҳа аз ҳар ду тараф ба ақиб кашида шавад, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Бойко.

"Дуюм, қабули лоиҳаи қонунҳо дар мавриди интихоботи маҳаллӣ, мақоми махсус ва афв қабул гардад. Ин дақиқ дар созишҳои Минск омадааст ва ҳукумати феълӣ бояд онро иҷро кунад", - гуфт вакил.

Қадами савум барқарорсозии савдо ва муносиботи иқтисодӣ бо минтақаҳои муваққатан аз таҳти назорат берун арзёбӣ шуд.
Юрий Бойко таъкид намуд, ки бо сухан чизе ҳал намешавад, балки бояд тасмимҳои сиёсӣ гирифта шаванд. Вай ҳушдор дод, ки агар табодули иттиҳом идома ёбад, мухолифатҳо қатъ намешаванд, мардум азоб мекашанду одамон кушта хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Иван Филипоненко, намояндаи пулиси мардумии Ҷумҳурии Худхондаи Луганск ҷониби Украинаро дар нақзи созишномаи Минск муттаҳам кард.
Украино-американские учения Fearless Guardian - 2015 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Лавров: Дар Украина садҳо низомии ИМА ва Бритониё қарор дорад
Қудратиҳои украинӣ дар хатти баҳамоӣ низоми мушакӣ ва мошинҳои зиреҳпӯшро ҷой доданд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Филипоненко. Ӯ афзуд, ки хадамоти истихборотии Луганск таҷаммуи техникаро дар маҳаллаи Нижнее ба қайд гирифт.
Дар ҳамин ҳол Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина изҳор дошт, ки Киев ҳич нияти истифодаи зӯрӣ дар Донбассро надорад. Вай таъкид намудааст, ки тамоми талошҳои Украина ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ равона шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0