Ӯзбекистон беш аз 300 муҳоҷири кории худро баргардонд

© Sputnik / Андрей Рудаков / Гузариш ба медиабонкРейд сотрудников ФМС в расселенный дом №10 в Докучаевом переулке
Рейд сотрудников ФМС в расселенный дом №10 в Докучаевом переулке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Соли гузашта Агентии муҳоҷирати кории Ӯзбекистон ба шаҳрвандони берун аз марзи ин кишвар дар бозгашт ба Ватан кумак кардааст
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷии Ӯзбекистон дар соли гузашта ба 321 шаҳрванди ин кишвар барои баргаштан ба Ватан кумак кардааст.
Чунин маълумотро агентӣ дар канали "Telegram"-и худ пешниҳод кардааст, менависад Sputnik Ӯзбекистон.
Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо ҳангоми кор дар хориҷа ба вазъи душвори зиндагӣ дучор шудаанд.
Афзун бар ин бо мудохилаи ин ниҳод имкон пайдо шуда, ки ба маблағи умумии 984,1 ҳазор доллар аз корфармоёни хориҷӣ маош ва ҷубронпулӣ барои шаҳрвандони Ӯзбекистон ситонида шавад.
Ҳамчунин дар бораи ҷуброни хароҷоти табобати 17 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар хориҷ аз ин кишвар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд, гузориш дода мешавад.
Беш аз 7,5 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон кумаки якдафъаинаи моддӣ гирифтанд, 358 нафари онҳо муваққатан дар хобгоҳҳо ҷойгир карда шуданд.
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Ӯзбекистон ба муҳоҷирони худ маблағи чипта ва раводидро ҷуброн мекунад: Тоҷикистон чӣ
Ҳамчунин соли гузашта агентӣ ба 8811 нафар ӯзбекистонии муҳоҷир ёрии ҳуқуқӣ расонида, ба 295102 нафар машварат ва зиёда аз 19,5 ҳазор нафар кумаки иҷтимоӣ ва моддӣ дода шудааст.
Соли 2021 ҳудуди ду миллион шаҳрванд берун аз Ӯзбекистон будаанд, ки беш аз як миллион нафари онҳо дар Русия қарор доштаанд. Аксари онҳо барои дарёфти ҷои кор ба ин кишвар рафта будаанд.
Аз соли 2017 миёни Ӯзбекистон ва Русия созишномаи ҷалби муташаккили кадрҳо амал мекунад.
Медведев: Русия бояд барои пазириши теъдоди зиёди муҳоҷирон омода бошад
Тибқи иттилои Раёсати муҳоҷират, дар моҳҳои январ-октябр беш аз 84,5 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон тибқи ин созишномаҳо ба Русия рафтаанд, дар ҳоле ки дар соли 2020 ҳамагӣ 11 ҳазор нафар сафар карда будаанд.
Ҳоло дар чорчӯби ин созишнома лоиҳаи озмоишӣ барои ҷалби 10 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон ба сохтмонҳои Русия амалӣ мешавад. Дар он 21 ширкати сохтмонӣ аз 10 субъекти федералӣ иштирок мекунад.
Лентаи хабарҳо
0