Раҳмон ҷаласаи васеи ҳукуматро баргузор кард: тағйироти кадрӣ мешавад?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРасширенное заседание Правительства Республики Таджикистан
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон дар нахустин ҷаласаи васеи ҳукумат дар соли 2022 вазифаҳои асосиро муайян ва тағйироти дар пешистодаро эълон кард
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи васеи ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон оғоз шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии сарвари давлат.
Гуфта мешавад, дар нахустин ҷаласаи васеи соли равон раисҷумҳур натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро барои соли 2021 муайян намуда, вазифаҳои навро эълон хоҳад кард.
Ба иттилои як манбаи Sputnik Тоҷикистон дар ҳукумат дар ин нишаст тағйироти кадрӣ дар назар аст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки он дар кадом ниҳодҳои давлатӣ сурат мегирад.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, дар ҷаласа тамоми раҳбарият ва аъзои ҳукумат, раҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он ширкат мекунанд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Раҳмон: Дар соли 2022 Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди худ ворид мегардад
Дар маҷлис инчунин роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок доранд.
Илова бар ин дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон намояндагони бахши молия, намояндагони бонкҳои давлатию саҳомӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доранд.
Лентаи хабарҳо
0