Таъхири даҳҳо парвоз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

© Sputnik / Максим БлиновСамолет Боинг 737 авиакомпании "ЮТэйр"
Самолет Боинг 737 авиакомпании ЮТэйр  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Меҳ дар пойтахти Тоҷикистон боиси лағви парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе шуд, бисёре аз парвозҳо ба таъхир афтоданд ва бархе ба фурудгоҳи алтернативӣ фиристода шуданд
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар пайи номусоидии обуҳаво даҳҳо парвоз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мутавақиф шудааст.
Аз фурудгоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ба далели тумани ғафс дар пойтахт ба замин нишастани ҳавопаймоҳо ва ҳамчунин парвоз аз ин майдони ҳавоӣ муваққатан мутаваққиф шудааст.
Тибқи нишндоди тоблуҳои иттилоотӣ, парвоз ва қабули ҳавопаймоҳо ҳадди аққал то соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ ба таъхир афтодааст.
Даҳҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳояшонро лағв карданд. Аз ҷумла парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати "Fly Dubai", "Turkish Airlines", "Somon Air", "UtAir" ба Дубай, Истанбул ва Маскав ба таъхир афтодааст.
Илова бар ин мусофирони ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ва ҳавопаймои "Nordwind Airlines" аз Нижний Новгород мунтазири дарёфти иҷозаи парвоз ба Тоҷикистон ҳастанд.
Самолет авиакомпании Somon Air - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
"Қимати билет ба Русияро фавран коҳиш диҳед" – ҷаласаи изтирории мақомоти тоҷик
Маълум аст, ки ба далели номусоидии обуҳаво фурудгоҳи Душанбе натавонистааст 3 парвозро аз Маскавро қабул кунад. Ҳама ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи Хуҷанд ҳидоят шуданд.
Ин ҳавопаймоҳои ширкатҳои русии "UtAir" ва "Уралские авиалинии" мебошанд, ки аз Внуково ва Жуковскийи Русия ба Тоҷикистон парвоз кардаанд.
Ҳавопаймои сеюм, аз ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии "Сомон Эйр", ки аз фурудгоҳи Домодедово ба пойтахт парвоз мекард, низ дар фурудгоҳи алтернативӣ ба замин нишаст.
Гуфта мешавад, пас аз рафъи туман фурудгоҳи байналмилалӣ дубора ба таври муқаррарӣ кор мекунад.
Лентаи хабарҳо
0