Олимон бонги изтироб мезананд: Замин барои зистан бесамар гардид

© Sputnik / Амир ИсаевМусорная свалка в Душанбе. Архивное фото
Мусорная свалка в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Обуна шудан
Олимон қайд карданд, ки замин ба ҳадде аз партовҳои кимиёӣ ифлос шудааст, ки ба амнияти экологии сайёра зарбаи шадид мезанад
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Коршиносони Маркази омӯзиши устувории экологии Стокголм ва Донишгоҳи Гетеборг гуфтанд, ки инсоният аллакай аз ҳадди иҷозатдодаи ифлосшавии кимиёии Замин гузаштааст. Дар ин бора "The Guardian" хабар додааст.
Патрисия Вилларубиа-Гомес, як иштирокчии таҳқиқот ба нашрия гуфтааст, "суръате, ки ҷомеа маводи кимиёии нав тавлид мекунад ва онҳоро ба атмосфера мебарорад, аз ҳадди имкони зиндагии бехатар дар сайёра зиёдтар аст".
Олимон гуфтанд, ки пластмас ва зиёда аз 3500 моддаи кимиёии синтетикӣ, аз ҷумла пеститсидҳо, пайвастагиҳои саноатӣ ва антибиотикҳо нигаронии хосаро ба дунбол доранд.
Боевик Талибана* с американской винтовкой M16 в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Шоку даҳшат: ҷаҳон дар Афғонистон сарнавишти худро дид
Масалан, пестисидҳо ҳашаротро мекушанд, ки барои зинда мондани растанӣ ва ҳайвоноте, ки бо онҳо ғизо мегиранд, заруранд.
Коршиносон мутмаинанд, ки чунин ифлосӣ ба сайёра дар ҳама сатҳҳои имконпазир таҳдид мекунад. Барои суст кардани ин раванд онҳо даъват мекунанд, ки маводи барқароршаванда ва манбаъҳои энергия бештар истифода шаванд.
Зиёда аз ҳадди иҷозатдодаи ифлосшавии кимиёӣ панҷумин зарбаи густурда ба амнияти экологии Замин гардид.
Ба гуфтаи олимон, пештар инсоният аз остонаи ифлосшавӣ бо фосфор ва азот гузашта буд.
Лентаи хабарҳо
0