https://sputnik.tj/20220120/mufti-rusiya-musalmon-vaksina-1045005174.html
Муфтии Русия аз мусалмонон даъват кард, ки ваксина гиранд: видео
Муфтии Русия аз мусалмонон даъват кард, ки ваксина гиранд: видео
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби сабти муроҷиати фаврии муфтии Русия Равил Гайнутддин ба диндорон печида шудани вазъ бо коронавирус будааст
2022-01-20T20:56+0500
2022-01-20T20:56+0500
2022-01-21T12:28+0500
видео
ваксина
мусалмонон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044992920_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_5d997f559019876180bdd2a23f8ca150.jpg
Равил Гайнуддин, роҳбари Идораи мусалмонони Русия дар як муроҷиати изтирорӣ аз мусалмонон даъват кардааст, ки ваксина бигиранд. Ӯ қайд кард, Муҳаммад (с) таълим додааст, ки ба худ ва дигарон зарар нарасонед ва ҳаёту саломатӣ неъматҳоеанд, ки бояд ҳифз шавад. Гайнутддин қайд кард, ҳамаи онҳое, ки аз COVID-19 зарар дидаанд, хешовандон ва дӯстони касе ҳастанд. Муфтӣ афзуд, дар шароити ҳамагирӣ ҳар як диндор вазифадор аст, ки ба тавсия ва дастурҳои табибон гӯш диҳад. Вай тавзеҳ дод, ки эмкунӣ на танҳо шахси ваксинашуда, балки атрофиёнро низ муҳофизат мекунад: "Падарону модарони солхӯрда, заифону нотавон, беморонро". Равил Гайнутддин аз ҳамаи ҳамватанон даъват кард, ки масъулиятшинос бошанд, бираванд ва ваксинаи заруриро бар зидди коронавирус бигиранд ва барои дигарон намуна бошанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044992920_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_114b1958e495b872a7503f0eb2daf77f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, мусалмонон, ваксина, муфтӣ
русия, мусалмонон, ваксина, муфтӣ
Муфтии Русия аз мусалмонон даъват кард, ки ваксина гиранд: видео
20:56 20.01.2022 (Навсозишуда: 12:28 21.01.2022) Сабаби сабти муроҷиати фаврии муфтии Русия ба мусалмонон печида шудани вазъи гирифторӣ ба коронавирус будааст
Равил Гайнуддин, роҳбари Идораи мусалмонони Русия дар як муроҷиати изтирорӣ аз мусалмонон даъват кардааст, ки ваксина бигиранд.
Ӯ қайд кард, Муҳаммад (с) таълим додааст, ки ба худ ва дигарон зарар нарасонед ва ҳаёту саломатӣ неъматҳоеанд, ки бояд ҳифз шавад.
"Инсоният як лаҳзаи душворро аз сар мегузаронад. Миллионҳо нафар наметавонад бо бемории хатарнок мубориза барад. Дар айни замон даҳҳо, садҳо нафар дар шуъбаи эҳё қарор доранд", - гуфт рӯҳонӣ дар шарҳи вазъи коронавирус.
Гайнутддин қайд кард, ҳамаи онҳое, ки аз COVID-19 зарар дидаанд, хешовандон ва дӯстони касе ҳастанд. Муфтӣ афзуд, дар шароити ҳамагирӣ ҳар як диндор вазифадор аст, ки ба тавсия ва дастурҳои табибон гӯш диҳад.
"Дар давраи пандемияи шадид роҳи беҳтарини наҷоти одамон ваксина аст", - гуфт раиси мусулмонони Русия.
Вай тавзеҳ дод, ки эмкунӣ на танҳо шахси ваксинашуда, балки атрофиёнро низ муҳофизат мекунад: "Падарону модарони солхӯрда, заифону нотавон, беморонро".
Равил Гайнутддин аз ҳамаи ҳамватанон даъват кард, ки масъулиятшинос бошанд, бираванд ва ваксинаи заруриро бар зидди коронавирус бигиранд ва барои дигарон намуна бошанд.