“Ӯ чӣ интизор дошт”: Вокуниши Жириновский дар бораи муроҷиати Назарбоев

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкЛидер партии ЛДПР Владимир Жириновский
Лидер партии ЛДПР Владимир Жириновский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Обуна шудан
Сиёсатмадори рус шарҳ дод, ки чаро адами ҳузури давомдори чунин як шахси муҳим дар саросари Қазоқистон обрӯи раисҷумҳури собиқро коҳиш хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ногаҳонӣ пайдо шудани президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз тариқи як суҳбати видеоӣ раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновскийро дар ҳайрат гузошт.
Сиёсатмадори рус гуфт, Назарбоев бо муроҷиаташ тақрибан 10 рӯз дер кардааст. Ӯ бояд муроҷиаташро даҳ рӯз пеш замоне ки кишвар ба роҳбари собиқи Қазоқистон, ниёз дошт, ироа мекард.

“Чаро 4, 5, 6 январ сухане нагуфт, як шахси хеле бонуфуз аст, 30 сол сарвари давлат буд, ҳоло раҳбари ҳизби ҳокими “Нур-Отан” аст ва метавонист аз аъзои он хоҳиш кунад, ки ба кӯчаҳо бароянд ва барои барқарор намудани тартибот ёрӣ расонанд. Ӯ чиро мунтазир буд?”. — суол кард Жириновский.

Раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия бар ин назар аст, Назарбоев имкон дошт, дар суханронии худ ба ҷаҳониён дар бораи он чизе, ки рух дод, маълумоти комил диҳад, аммо ин корро накард.
Жириновский аз ҳодисаҳои гузашта дар Қазоқистон ва бархӯрди ниҳодҳои қудратӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ёдовар шуд, аммо ба гуфтаи вай, он чизеро, ки дар Қазоқистон рух дод, наметавон кӯшиши табаддулот номид.
"Дар ин замина мо то ҳол интизори як посухи рӯшан ҳастем. Ва танҳо вақте ки ин посух дастрас гардад, мо хоҳем фаҳмид, ки чаро Нурсултон Абишевич 17 рӯз хомӯш буд", - қайд кард сиёсатмадор.
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Коршинос: Ҳаводиси Қазоқистон ҳамаи кишварҳои шӯравии собиқро таҳдид мекунад
Қаблан мушовири собиқи ӯ, сиёсатшинос Ермухамет Ертисбоев дар бораи нопадид шудани Назарбоев изҳори назар карда буд. Вай ҳузур надоштани Назарбоевро ба бемории сангин рабт дод, ки ба далели он раисҷумҳури нахустини Қазоқистон натавонистааст ба мардум муроҷиат кунад.

Эътирозҳо дар Қазоқистон

Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 оғоз шуда буданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби ин кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо рехтанд.
Баъдтар ин гуна эътирозҳо ба дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри Қазоқистон паҳн шуданд. Дар муддати кӯтоҳе даҳҳо иншоот сӯзонда ва ғорат шуданд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев хисороти ин ноамниҳоро 2-3 миллиард доллар эълон кард. Дар
Ҳукумати ин кишвар дар посух ба ҳамаи бетартибиҳо то 19 январ дар сартосари Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон кард ва амалиёти зиддитеррористӣ оғоз намуд.
Ҳоло вазъият дар Қазоқистон муътадил аст ва аксари корхонаву муассисаҳо ба кор шуруъ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0