Тоҷикистон муҳоҷирати шаҳрвандонро бо ИМА "ҳал" мекунад

© AFP 2023 / KARIM SAHIBСамолёт авиакомпании Emirates в Дубае
Самолёт авиакомпании Emirates в Дубае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Обуна шудан
Ҷонибҳо нуқтаҳои асосии кори шуъбаҳои меҳнатӣ ва созишномаҳои мавҷудро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ масоили ҳамкорӣ дар заминаи сиёсати муҳоҷират миёни ин кишварҳоро баррасӣ карданд.
Ин суҳбат 18 январ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шудааст.
Сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Баҳодур Шарифӣ бо Абдурраҳмон Абдулманнон Алур, вазири захираҳои инсонӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот кард.
Зимни вохурӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои миёни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои инсонӣ ва иморотикунонии ИМА баррасӣ шудааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин рафти иҷрои Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз 16 апрели соли 2018-ро баррасӣ кардаанд.
Самолет Airbus в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
ИМА қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро боз сахттар кард: чӣ тағйир ёфт?
Қаблан Ҳукумати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро тағйир дода буд.
Ҳамакнун шаҳрвандони Тоҷикистон муваззафанд, шаҳодатномаи манфии ташхиси коронавирусро, ки на бештар аз 48 соат пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо гирифта шудааст, пешниҳод кунанд.
Илова бар ин мусофирон бояд дар фурудгоҳҳои Дубай ва Шарҷа аз санҷиши ПСР гузаранд. То маълум шудани натиҷаи ташхис мусофирон бояд хонанишинӣ кунанд.
Чунин тадбирҳо ба вазъи ноустувори эпидемиологӣ ва паҳншавии штамми омикронӣ, ки дар баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ расман ба қайд гирифта шудааст, алоқаманд аст.
Лентаи хабарҳо
0