https://sputnik.tj/20220119/sadamai-margbor-ronanda-halokat-rasid-1044930092.html
Садамаи маргбор: ронанда ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расид
Садамаи маргбор: ронанда ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расид
Sputnik Тоҷикистон
Дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Ёвон-А.Ҷомӣ” як садамаи нақлиётие рух додааст, ки дар он як ронандаи 42-сола ба ҳалокат расидааст
2022-01-19T11:20+0500
2022-01-19T11:20+0500
2022-01-19T12:07+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
садама
ҳалокат
ронанда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032630579_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_538ae8114052dea8553d59e4582b7fe8.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, садамаи маргбор дар ҳудуди деҳаи Сариқамиши ноҳияи Ёвон сар задааст.Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра”, марди 42-сола, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат - Ёвон - А.Ҷомӣ, дар ҳудуди деҳаи Сариқамиши ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетонҳои канори рости роҳ бархӯрдааст.Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона мунтақил шудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.Дар ҳамин ҳол ВКХ иттилоъ додааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.Ёдрас менамоем ки ахиран КҲФ ҳашт масири хатарнок барои ҳаракат дар Тоҷикистонро ном бурда буд.КҲФ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар ҳашт хатсайр хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ зиёд аст."Ҳамоно дар роҳҳои Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағжиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст", - омада буд дар иттилоияи ин ниҳод.Ин дар ҳолест, феълан роҳи Душанбе - Чаноқ, ки маркази ҷумҳуриро бо шимоли кишвар мепайвандад, баста мебошад. Ширкати IRS, ки масъули пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ мебошад, баста шудани роҳҳоро ба номусоидии обуҳаво ва тармафароӣ рабт дода, таъкид намуд, ки ҳадаф аз он таъмини амнияти мусофирону ронандагон мебошад.
https://sputnik.tj/20220117/khf-masir-khatarnok-tojikistoniyon-1044874058.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0f/1032630579_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_588b26eb1cd34cf0d7c1e33ac1cb3672.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рӯйдод, садма, ронанда, ёвон
тоҷикистон, рӯйдод, садма, ронанда, ёвон
Садамаи маргбор: ронанда ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расид
11:20 19.01.2022 (Навсозишуда: 12:07 19.01.2022) Дар шоҳроҳи Ваҳдат - Ёвон - А.Ҷомӣ як садамаи нақлиётие рух додааст, ки дар он як ронандаи 42-сола ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, садамаи маргбор дар ҳудуди деҳаи Сариқамиши ноҳияи Ёвон сар задааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра”, марди 42-сола, сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат - Ёвон - А.Ҷомӣ, дар ҳудуди деҳаи Сариқамиши ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетонҳои канори рости роҳ бархӯрдааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона мунтақил шудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳамин ҳол ВКХ иттилоъ додааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Ёдрас менамоем ки ахиран КҲФ ҳашт масири хатарнок барои ҳаракат дар Тоҷикистонро ном бурда буд.
КҲФ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар ҳашт хатсайр хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ зиёд аст.
"Ҳамоно дар роҳҳои Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағжиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст", - омада буд дар иттилоияи ин ниҳод.
Ин дар ҳолест, феълан роҳи Душанбе - Чаноқ, ки маркази ҷумҳуриро бо шимоли кишвар мепайвандад, баста мебошад. Ширкати IRS, ки масъули пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ мебошад, баста шудани роҳҳоро ба номусоидии обуҳаво ва тармафароӣ рабт дода, таъкид намуд, ки ҳадаф аз он таъмини амнияти мусофирону ронандагон мебошад.