https://sputnik.tj/20220119/rais-navtayin-rayosat-muhojirat-khatlon-maubshuda-1044955002.html
Раиси навтаъйин дар Хатлон корро аз аёдати маъюбони муҳоҷири собиқ оғоз кард
Раиси навтаъйин дар Хатлон корро аз аёдати маъюбони муҳоҷири собиқ оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Сардори тозатаъйини раёсати муҳоҷират дар вилояти Хатлон корашро аз аёди муҳоҷироне оғоз кардааст, ки дар кор маъюб шудаанд
2022-01-19T19:50+0500
2022-01-19T19:50+0500
2022-01-19T21:04+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
раис
ёрӣ
таъйин
хатлон
хабаргирӣ
маъюб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043776296_0:0:2861:1609_1920x0_80_0_0_39cff9801a779026f6830efb5f9ae2f9.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон тасмим гирифтаст, ки минбаъд масъулин аз оилаҳои муҳоҷироне, ки ҳангоми кор дар хориҷи кишвар маъюб гаштаанд ва ё фавтидаанд, хабар гиранду кумак кунанд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Хадамоти муҳоҷират, ин иқдом аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон шуруъ шуда, роҳбари тозатаъйини раёсати муҳоҷират дар вилояти Хатлон Саидзода Самад бевосита дар он иштирок кард. Дар феҳрасти оилаҳое, ки Саидзода аз ҳолашон хабар гирифтаст, се муҳоҷири меҳнатӣ ном бурда шуданд, ки ҳангоми фаъолияти корӣ дар Русия маъюб гаштаанду ниёз ба кӯмаку дастгирии моддию маънавӣ доранд. Манбаъ афзуд, Алиҷон Мирзохонов, Абдуқаҳор Эшматов ва Аскар Рустамов, сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Вахш ва 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистони мебошанд, ки ҳангоми фаъолияти корӣ дар Русия аз беэҳтиётӣ маъюб гаштаанду яке соли 2021 аз бемории қалб фавтидааст. Илова шудааст, ки Абдуқаҳор Эшматов аз соли 2015 бистарӣ мебошад. Саидзода бо баёни таслият изҳор доштааст, ки ҳукумати кишвар ҳамеша чунин оилаҳоро дастгирӣ мекунаду ҳич кумаки худро дареғ намедорад. Маврид ба зикр аст, ки Самад Саидзода ахиран бо қарори Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар Хатлон таъйин гардид. Ӯ то таъйинаш ба ин мақом ёвари раиси Хатлон, Қурбон Ҳакимзода буд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043776296_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_b1a8bd5bbe920a9f4c0e2747c491afc9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аёдат, муҳоҷирон, маъюб, хатлон, боздид
аёдат, муҳоҷирон, маъюб, хатлон, боздид
Раиси навтаъйин дар Хатлон корро аз аёдати маъюбони муҳоҷири собиқ оғоз кард
19:50 19.01.2022 (Навсозишуда: 21:04 19.01.2022) Сардори тозатаъйини Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон корашро аз аёдати афроде оғоз кардааст, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ маъюб гардидаанд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон тасмим гирифтаст, ки минбаъд масъулин аз оилаҳои муҳоҷироне, ки ҳангоми кор дар хориҷи кишвар маъюб гаштаанд ва ё фавтидаанд, хабар гиранду кумак кунанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Хадамоти муҳоҷират, ин иқдом аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон шуруъ шуда, роҳбари тозатаъйини раёсати муҳоҷират дар вилояти Хатлон Саидзода Самад бевосита дар он иштирок кард.
Дар феҳрасти оилаҳое, ки Саидзода аз ҳолашон хабар гирифтаст, се муҳоҷири меҳнатӣ ном бурда шуданд, ки ҳангоми фаъолияти корӣ дар Русия маъюб гаштаанду ниёз ба кӯмаку дастгирии моддию маънавӣ доранд.
Манбаъ афзуд, Алиҷон Мирзохонов, Абдуқаҳор Эшматов ва Аскар Рустамов, сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Вахш ва 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистони мебошанд, ки ҳангоми фаъолияти корӣ дар Русия аз беэҳтиётӣ маъюб гаштаанду яке соли 2021 аз бемории қалб фавтидааст. Илова шудааст, ки Абдуқаҳор Эшматов аз соли 2015 бистарӣ мебошад.
Саидзода бо баёни таслият изҳор доштааст, ки ҳукумати кишвар ҳамеша чунин оилаҳоро дастгирӣ мекунаду ҳич кумаки худро дареғ намедорад.
Маврид ба зикр аст, ки Самад Саидзода ахиран бо қарори Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар Хатлон таъйин гардид. Ӯ то таъйинаш ба ин мақом ёвари раиси Хатлон, Қурбон Ҳакимзода буд.