Дар Қазоқистон вазъи изтирорӣ лағв шуд

© AFP 2023 / RUSLAN PRYANIKOVАлматы, февраль 2020
Алматы, февраль 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Обуна шудан
Дар як қатор шаҳрҳо дараҷаи "сурх"-и хатари террористӣ боқӣ мондааст, ВКД дар сартосари кишвар дар реҷаи пурзӯр кор мекунад
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ, ки раисҷумҳури ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев пас аз сар задани нооромиҳо ҷорӣ карда буд, ба охир расид.
Дар ҳамин ҳол сарфи назар аз ин дар баъзе минтақаҳо низоми амалиёти зиддитеррористии сатҳи баланд идома дорад.
Ҳамчунин дар Алмаато сатҳи "сурх"-и хатари террористӣ боқӣ мондааст, бинобар ин посбонии шабонарӯзӣ идома хоҳад дошт, гузаргоҳҳо бардошта намешаванд.
Дар ин кишвар ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ тадбири махсуси оперативӣ-профилактикӣ оғоз гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон.
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Коршинос: Ҳаводиси Қазоқистон ҳамаи кишварҳои шӯравии собиқро таҳдид мекунад
"Аз 15 январ дар минтақаҳое, ки вазъи изтирорӣ лағв шудааст, чорабинии оперативӣ-профилии "Қонун ва тартибот" оғоз гардид. Аз 19 январ дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмаато, вилоятҳои Алмаато, Атирау, Ҷамбил, Қизилӯрда ва Манғистау вазъи фавқулодда бекор шудааст", - омадааст дар хабар.
Ёдовар мешавем, тазоҳуроти оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили январи соли 2022 оғоз шуда буд. Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ гуфта мешуд.
"Нафақахӯрам ва ихтилофе бо Тоқаев надорам": видеои муроҷиати Назарбоев
Ҳукумат омодагии худро барои кам кардани хароҷот эълон кард, аммо эътирозҳо дар шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва соати комендантӣ ҷорӣ шуда, чорабиниҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа манъ карда шуд.
Бо дархости президенти кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев сулҳофарони СААД ба қаламрави ин кишвар оварда шуданд.
Тибқи маълумоти ахир, хисороти ошӯб дар Қазоқистон беш аз 2 миллиард долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол 4578 нафар маҷрӯҳ, 225 нафар, аз ҷумла 19 маъмури амниятӣ кушта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0