https://sputnik.tj/20220119/muhojiron-patent-rusiya-million-1044949159.html
Муҳоҷирон барои патент дар Русия миллионҳо пардохт хоҳанд кард
Муҳоҷирон барои патент дар Русия миллионҳо пардохт хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши патент дар минтақаи дигари Русия боло рафт: мақомот интизоранд, ки миллионҳо доллар гиранд
2022-01-19T18:50+0500
2022-01-19T18:50+0500
2022-01-19T20:48+0500
муҳоҷират
маблағ
муҳоҷир
патент
томск
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044486210_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_87bc5150ce4974a3990647508f6e35ee.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Мақомоти вилояти Томск қасд доранд, дар соли 2022 аз фурӯши патент барои муҳоҷирони корӣ 133 миллион рубл ба даст оранд. Дар ин бора "Sibnovosti.ru" менависад. Нашрия гузориш медиҳад, ки ин маблағ дар қиёс ба соли гузашта 12 миллион доллар бештар аст. Мақомоти ин вилоят аз ҳисоби боло бурдани арзиши патент ба чунин натиҷа расидаанд.Дар соли 2022 муҳоҷирон бояд барои фаъолияти корӣ дар ин минтақа беш аз чаҳор ҳазор рубл пардохт кунанд. Нарх нисбат ба соли 2021 435 рубл зиёд шудааст. Бояд гуфт, ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон) барои кор дар Русия патент лозим нест. Ёдовар мешавем, соли 2022 арзиши патент дар саросари Русия афзоиш ёфт. Нархи баландтарини ҳуҷҷатро муҳоҷироне хоҳанд пардохт, ки мехоҳанд дар Ёқутистон кор кунанд. Дар ин ҷо патент бештар аз 10 ҳазор рубл арзиш дорад. Дар Маскав ва вилояти Маскав дар соли 2022 мизони пардохти моҳона барои онҳое, ки патент доранд, ҳудуди шаш ҳазор, дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград каме бештар аз чаҳор ҳазор рубл аст. Сабти иқомати муҳоҷирон дар Русия осон мешавад, аммо ба як шартКамтарин мизони пардохти моҳонаи патент дар Чеченистон, вилояти Астрахан, Қрим ва баъзе минтақаҳои дигари Русия сабт шудааст. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, муҳоҷирони корӣ дар соли 2021 бештар ба гирифтани иҷозаи расмии кор шуруъ карданд. Теъдоди онҳо аз соли 2020 ду баробар афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20211229/mizoni-pardokhti-muhojiron-patent-rusiya-1044493777.html
томск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044486210_102:0:2831:2047_1920x0_80_0_0_bea1f532ee09561fdafb299daf1bcd2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арзиши патент, русия
Муҳоҷирон барои патент дар Русия миллионҳо пардохт хоҳанд кард
18:50 19.01.2022 (Навсозишуда: 20:48 19.01.2022) Арзиши патент дар минтақаи дигари Русия ҳам боло рафт: мақомот интизоранд, миллионҳо ба даст оранд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Мақомоти вилояти Томск қасд доранд, дар соли 2022 аз фурӯши патент барои муҳоҷирони корӣ 133 миллион рубл ба даст оранд. Дар ин бора "Sibnovosti.ru" менависад.
Нашрия гузориш медиҳад, ки ин маблағ дар қиёс ба соли гузашта 12 миллион доллар бештар аст. Мақомоти ин вилоят аз ҳисоби боло бурдани арзиши патент ба чунин натиҷа расидаанд.
Дар соли 2022 муҳоҷирон бояд барои фаъолияти корӣ дар ин минтақа беш аз чаҳор ҳазор рубл пардохт кунанд. Нарх нисбат ба соли 2021 435 рубл зиёд шудааст.
"Арзиши патент дар вилояти Томск аз рӯи принсипи мувофиқ кардани ҳаққи моҳонаи шаҳрвандони хориҷӣ барои патент ва андоз аз даромаде, ки аз ҷониби сокинони бумӣ дар бахшҳои шабеҳи иқтисодиёт ба даст меояд, муқаррар карда мешавад", - шарҳ дод Думаи қонунгузори минтақа.
Бояд гуфт, ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон) барои кор дар Русия патент лозим нест.
Ёдовар мешавем, соли 2022 арзиши патент дар саросари Русия афзоиш ёфт.
Нархи баландтарини ҳуҷҷатро муҳоҷироне хоҳанд пардохт, ки мехоҳанд дар Ёқутистон кор кунанд. Дар ин ҷо патент бештар аз 10 ҳазор рубл арзиш дорад.
Дар Маскав ва вилояти Маскав дар соли 2022 мизони пардохти моҳона барои онҳое, ки патент доранд, ҳудуди шаш ҳазор, дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград каме бештар аз чаҳор ҳазор рубл аст.
Камтарин мизони пардохти моҳонаи патент дар Чеченистон, вилояти Астрахан, Қрим ва баъзе минтақаҳои дигари Русия сабт шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, муҳоҷирони корӣ дар соли 2021 бештар ба гирифтани иҷозаи расмии кор шуруъ карданд. Теъдоди онҳо аз соли 2020 ду баробар афзоиш ёфтааст.