https://sputnik.tj/20220119/boron-obuhavo-tojikiston-1044929902.html
Борони шадид: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон
Борони шадид: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавосанҷон бориши борони шадидро дар аксар миктақаҳои Тоҷикистон пешгӯӣ мекунанд
2022-01-19T10:50+0500
2022-01-19T10:50+0500
2022-01-19T12:03+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
обу ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/19/1043075004_0:41:3071:1768_1920x0_80_0_0_f82f0f7a8dfeebcecc47496df79cbe00.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар ВМКБ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Дар қисмати ғарбӣ бориши шадиди борон дар назар аст.Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва дар баъзе ноҳияҳо 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 16-21, дар баъзе ноҳияҳо 22-27 ва рӯзона то 15 -20 дараҷа ҳаво сард хоҳад шуд.Манбаъ ҳавои вилояти Суғдро низ абрнок арзёбӣ карда, боришоти барфу борони шадидро дар баъзе ноҳияҳо пешгӯӣ мекунад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1- 6 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳдоман бориши борону барфи тар, дар ноҳияҳои алоҳида борони шадиди пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф ва дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 , рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо борони шиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20211201/havosanjon-zimiston-tojikistoniyon-1043857455.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/19/1043075004_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2195756d810bd3fde835ebd93db620d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон обу ҳаво борон
тоҷикистон обу ҳаво борон
Борони шадид: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон
10:50 19.01.2022 (Навсозишуда: 12:03 19.01.2022) Ҳавосанҷон бориши борони шадидро дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар ВМКБ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Дар қисмати ғарбӣ бориши шадиди борон дар назар аст.
Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва дар баъзе ноҳияҳо 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 16-21, дар баъзе ноҳияҳо 22-27 ва рӯзона то 15 -20 дараҷа ҳаво сард хоҳад шуд.
Манбаъ ҳавои вилояти Суғдро низ абрнок арзёбӣ карда, боришоти барфу борони шадидро дар баъзе ноҳияҳо пешгӯӣ мекунад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1- 6 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳдоман бориши борону барфи тар, дар ноҳияҳои алоҳида борони шадиди пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф ва дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 , рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо борони шиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.