Амрико кумакҳои худ ба Афғонистонро аз тариқи созмонҳои башардӯстона афзоиш медиҳад

© AP / Carolyn KasterАмериканский государственный деятель Джейк Салливан
Американский государственный деятель Джейк Салливан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Обуна шудан
Мушовири амияти миллии Амрико мегӯяд, ИМА қасд дорад, ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико ахиран ба маҷаллаи "Foreign Policy" гуфтааст, ки Амрико тасмим дорад, кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро афзоиш диҳад, аммо мехоҳад ин кумакро тавассути ниҳодҳои башардӯстона анҷом диҳад.
"Мо муътақидем, ки қарор додани манобеи молӣ дар дасти созмонҳои мустақил ва афроде, ки қодир ба эҷоди манобеи табиии маводи ғизоӣ, дору ва соири колоҳои зарурӣ ҳастанд, масъулияти муҳими Иёлоти Муттаҳида ва кулли ҷомеаи байналмилалӣ аст ва талошҳоро ташдид хоҳем кард, то нақши худро дар ин амр ифо кунем”, - авзуд вай.
Талибы, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Толибон пас аз ҳуҷуми ҷабҳа ба кофтукови манзилҳои панҷшериён пардохтанд
Салливан таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон интиқоли мустақими маблағ ба Толибонро ғайриқобили қабул медонад, зеро ҷунбиш "барои таъсиси ҳукумати фарогире, ки ҳуқуқҳоро эҳтиром мекунад, чора наандешидааст".

"Мо бар онем, ки бояд пешрафтро дар ин хусус мушоҳида кунем", - гуфт ёрдамчии президенти ИМА.

Толибон пас аз тасмими Амрико дар бораи хуруҷи нерӯҳояш дар баҳори соли гузашта амалиёти густарда барои ба даст овардани контрол дар тамоми Афғонистонро оғоз карданд. 15 августи соли 2021 толибон бидуни ҷанг вориди шаҳри Кобул шуданд ва Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон хоки ин кишварро тарк кард. Толибон рӯзи 15-уми сентябр эълон карданд, ки тамоми Афғонистонро таҳти назорат доранд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро, ки то ҳол қонунияти он аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст, эълон карданд.
Лентаи хабарҳо
0