https://sputnik.tj/20220118/siposi-gulmahmadzoda-maqomoti-itoliyo-energetik-1044902985.html
Сипоси Гулмаҳмадзода аз мақомоти Итолиё барои саҳми ширкатҳояш дар рушди бахши энергетикӣ
Сипоси Гулмаҳмадзода аз мақомоти Итолиё барои саҳми ширкатҳояш дар рушди бахши энергетикӣ
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Русия аз саҳми ширкатҳои сохтмонии Италиёро дар рушди бахши энергетикии кишвар кайд намуданд
2022-01-18T16:20+0500
2022-01-18T16:20+0500
2022-01-18T19:36+0500
дар тоҷикистон
энергетика
сафир
сафири тоҷикистон
изҳори сипос
итолиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044902884_0:0:901:506_1920x0_80_0_0_97f8c83ce7d8abac982b5abf5de9cc53.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқот бо сафири Итолиё дар Русия Ҷорҷо Стараче дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисоду саноати илмӣ барррасӣ кард, иттилоъ додааст ҳадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия.Сафири Тоҷикистон дар Русия зимни мулоқот хусусан аз саҳми ширкатҳои сохтмонии Италиё дар рушди бахши энергетикии кишвар ёдоварӣ кардааст.Ҳамзамон тарафҳо дар ин мулоқот вобаста ба баргузории конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, мубодилаи афкор намуда, бавижа ба аҳамияти он таъкид кардаанд.“Ҷонибҳо иброз доштанд, ки онҳо дар арафаи 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ қарор доранд. Эътиқоди тарафайн изҳор гардид, ки ҷашни 30-солагии равобит ба раванди таҳкими муносибатҳои дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид”, - иттилоъ додааст манбаъ.Иттилоъ дода шудааст, ки миёни тарафҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.Ду дипломат омодагии худро барои мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Италиё иброз намуданд.
https://sputnik.tj/20211029/tojironi-tojik-mahsuloti-itoliyo-namoish-1043168968.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044902884_112:0:787:506_1920x0_80_0_0_5afa0f6b1fde723a81c85ad7e6717139.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сафири тоҷикистон дар русия, сипос, энергетика, сохтмон
тоҷикистон, сафири тоҷикистон дар русия, сипос, энергетика, сохтмон
Сипоси Гулмаҳмадзода аз мақомоти Итолиё барои саҳми ширкатҳояш дар рушди бахши энергетикӣ
16:20 18.01.2022 (Навсозишуда: 19:36 18.01.2022) Сафири Тоҷикистон дар Русия аз саҳми ширкатҳои сохтмонии Итолиё дар рушди бахши энергетикии кишвар ёдовар шуд
ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқот бо сафири Итолиё дар Русия Ҷорҷо Стараче дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисоду саноати илмӣ барррасӣ кард, иттилоъ додааст ҳадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Сафири Тоҷикистон дар Русия зимни мулоқот хусусан аз саҳми ширкатҳои сохтмонии Италиё дар рушди бахши энергетикии кишвар ёдоварӣ кардааст.
Ҳамзамон тарафҳо дар ин мулоқот вобаста ба баргузории конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, мубодилаи афкор намуда, бавижа ба аҳамияти он таъкид кардаанд.
“Ҷонибҳо иброз доштанд, ки онҳо дар арафаи 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ қарор доранд. Эътиқоди тарафайн изҳор гардид, ки ҷашни 30-солагии равобит ба раванди таҳкими муносибатҳои дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Иттилоъ дода шудааст, ки миёни тарафҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ду дипломат омодагии худро барои мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Италиё иброз намуданд.