https://sputnik.tj/20220118/shikoyati-muassisai-kumaki-avvaliyai-tibbiu-sanitarii-khovaling-1044922273.html
Шикояти Муассисаи шабакаҳои кумаки аввалияи пизишкию беҳдоштии ноҳияи Ховалинг
Шикояти Муассисаи шабакаҳои кумаки аввалияи пизишкию беҳдоштии ноҳияи Ховалинг
Sputnik Тоҷикистон
Муассисаи шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ховалинг аз набудани ниқоби тиббӣ ва маводи антисептикӣ шикоят доранд
2022-01-18T19:00+0500
2022-01-18T19:00+0500
2022-01-18T20:45+0500
дар тоҷикистон
нигаронӣ
тандурустӣ
ховалинг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032525279_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_a77152e5efa1bd0a4d456277304feb08.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Самариддин Каримов, роҳбари ин муассиса дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, чанд муддат аст, онҳоро тамоман бо ниқоби тиббии муҳофизатӣ ва маводи зиддиуфунӣ таъмин намекунанд.Вай афзуд, кормандони муассиса бо пули худашон маводи заруриро харидорӣ менамоянд.Ҳамзамон гуфта шудааст, ки яке аз мушкилоти дигари ҳалталаби соҳа норасоии мутахассисон дар КАТС мебошад. Ин ҳолат масъулони соҳаро ба ташвиш овардааст.Иброҳим Раҷабов, муовини роҳбари шабакаҳои КАТС дар ин бора иброз намуд, ки дар тобеияти муассиса 20 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст.“Алҳол ду бунгоҳи тиббӣ: яке дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Арғонак, дигаре дар ҷамоати деҳоти Ҷонбахт, дараи Ҳавз дар хонаҳои истиқоматӣ фаъолият доранд. Соли гузашта ҳашт нафар табиби марказ бо хоҳиши худ аз кор рафт. Айни замон дар муассисаҳои назди КАТС 20 табиби бахшҳои асосӣ намерасад”, - зикр намудааст номбурда.Масъулон қайд карданд, ки дар давраи авҷи бемории корона бо сабаби набудани табиби сироятшинос маҷбур шудаанд, ки табибони оилавиро ба фаъолияти сироятшиносӣ ҷалб намоянд.Норасоии 40 табиби маълумоти олидор ва беш аз 25 корманди миёнаи тиббӣ масъулони ноҳияро нигарон кардааст.Соҳаи тандурустии ноҳия ба духтурони гӯшу гӯлую бинӣ, момодоя, амрози даруна ва сироятшинос эҳтиёҷ дорад.
https://sputnik.tj/20211130/vazorat-tandurusti-omikron-tojikiston-1043846617.html
ховалинг
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032525279_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_d7fe8e70157e85666785eee6ac531ab7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ниқоб, ховалинг, кумак, тиббӣ, мавои санитарӣ
тоҷикистон, ниқоб, ховалинг, кумак, тиббӣ, мавои санитарӣ
Шикояти Муассисаи шабакаҳои кумаки аввалияи пизишкию беҳдоштии ноҳияи Ховалинг
19:00 18.01.2022 (Навсозишуда: 20:45 18.01.2022) Муассисаи шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ховалинг аз набудани ниқоби тиббӣ ва маводи антисептикӣ шикоят кардааст
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Самариддин Каримов, роҳбари ин муассиса дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, чанд муддат аст, онҳоро тамоман бо ниқоби тиббии муҳофизатӣ ва маводи зиддиуфунӣ таъмин намекунанд.
Вай афзуд, кормандони муассиса бо пули худашон маводи заруриро харидорӣ менамоянд.
“Масъулони Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб аз ҷой доштани ин мушкилӣ воқифанд, вале дар ислоҳи он бетарафӣ зоҳир менамоянд”, - қайд кардааст оқои Каримов.
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки яке аз мушкилоти дигари ҳалталаби соҳа норасоии мутахассисон дар КАТС мебошад. Ин ҳолат масъулони соҳаро ба ташвиш овардааст.
Иброҳим Раҷабов, муовини роҳбари шабакаҳои КАТС дар ин бора иброз намуд, ки дар тобеияти муассиса 20 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст.
“Алҳол ду бунгоҳи тиббӣ: яке дар ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Арғонак, дигаре дар ҷамоати деҳоти Ҷонбахт, дараи Ҳавз дар хонаҳои истиқоматӣ фаъолият доранд. Соли гузашта ҳашт нафар табиби марказ бо хоҳиши худ аз кор рафт. Айни замон дар муассисаҳои назди КАТС 20 табиби бахшҳои асосӣ намерасад”, - зикр намудааст номбурда.
Масъулон қайд карданд, ки дар давраи авҷи бемории корона бо сабаби набудани табиби сироятшинос маҷбур шудаанд, ки табибони оилавиро ба фаъолияти сироятшиносӣ ҷалб намоянд.
Норасоии 40 табиби маълумоти олидор ва беш аз 25 корманди миёнаи тиббӣ масъулони ноҳияро нигарон кардааст.
Соҳаи тандурустии ноҳия ба духтурони гӯшу гӯлую бинӣ, момодоя, амрози даруна ва сироятшинос эҳтиёҷ дорад.