https://sputnik.tj/20220118/nakhustin-mashqhoi-nizomi-dar-soli-2022-dar-tojikiston-oghoz-meshavand-1044883446.html
Нахустин машқҳои низомӣ дар соли 2022 аз Тоҷикистон оғоз мешаванд
Нахустин машқҳои низомӣ дар соли 2022 аз Тоҷикистон оғоз мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Низомиён барои машқ кардани амалиёти ҷангӣ бар зидди душмани сохта ба тамрингоҳҳои Лоҳур ва Самбулӣ рафтанд. 18.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-18T11:10+0500
2022-01-18T11:10+0500
2022-01-18T16:51+0500
дар тоҷикистон
оғози тамринот
амният ва мудофиа
пойгоҳи 201
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/14/1041019919_0:0:1080:608_1920x0_80_0_0_8aaf6bff348e71cd560fd784733d91ea.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар тамрингоҳи кӯҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон машқҳое бо ширкати ҳазор сарбоз оғоз шуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳафзаи марказии ҳарбӣ гузориш медиҳад.Хизматчиёни ҳарбӣ бо роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба тамрингоҳҳои Лоҳур ва Самбулӣ барои машқи мудофиа ва ҳуҷум бо истифода аз системаҳои иктишофии зарбазан ва оташфишонӣ рафтаанд. Илова бар ин сарбозон аз ҳама навъҳои яроқи тирандозу норинҷакандоз, инчунин аз мошинҳо тайи ин тамрин бар зидди душмани шартӣ истифода мекунанд.Барои то ҳадди имкон фароҳам овардани муҳити ҷангӣ ҳадафҳои статикӣ ва динамикии навъҳои гуногун дар майдонҳои тамринӣ истифода мешаванд, илова кардаанд дар Ҳавзаи марказии ҳарбӣ. Гуфта мешавад, мақсади асосии баргузории чорабиниҳо санҷиши омодагии қисмҳои пиёданизом дар робита ба иҷрои вазифаҳои омодагии ҷангӣ аст. Ёдовар мешавем, соли 2021 Русия дар Тоҷикистон теъдоди рекордии машқҳоро баргузор кард. Хизматчиёни ҳарбӣ дар зиёда аз 300 машғулият иштирок намуданд. Чунин тадбирҳо ба вазъи ноором дар Афғонистони ҳамсоя, ки дар миёнаҳои моҳи август толибон қудратро дар он ҷо ба даст оварданд, иртибот доранд.Федератсияи Русия дар соли 2022 нақша дорад, на танҳо бо Тоҷикистон, балки бо Қирғизистон, Покистон, Миср, Ҳиндустон, Лаос, Шри-Ланка, Алҷазоир ва Муғулистон низ размоишҳои муштарак баргузор кунад. Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон воқеъ буда, бузургтарин пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар берун аз марзи он аст.
https://sputnik.tj/20211227/rusiya-tamrini-tojikiston-1044434811.html
https://sputnik.tj/20211230/rusiya-tojikiston-tamrinho-nizomi-1044519512.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/14/1041019919_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_1792e45a39c6520cd0a0dbc4517efefc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, оғози тамринот, амният ва мудофиа, пойгоҳи 201, артиш
дар тоҷикистон, оғози тамринот, амният ва мудофиа, пойгоҳи 201, артиш
Нахустин машқҳои низомӣ дар соли 2022 аз Тоҷикистон оғоз мешаванд
11:10 18.01.2022 (Навсозишуда: 16:51 18.01.2022) Низомиён барои машқ кардани амалиёти ҷангӣ бар зидди душмани сохта ба тамрингоҳҳои Лоҳур ва Самбулӣ рафтанд.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар тамрингоҳи кӯҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон машқҳое бо ширкати ҳазор сарбоз оғоз шуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳафзаи марказии ҳарбӣ гузориш медиҳад.
Хизматчиёни ҳарбӣ бо роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба тамрингоҳҳои Лоҳур ва Самбулӣ барои машқи мудофиа ва ҳуҷум бо истифода аз системаҳои иктишофии зарбазан ва оташфишонӣ рафтаанд.
Илова бар ин сарбозон аз ҳама навъҳои яроқи тирандозу норинҷакандоз, инчунин аз мошинҳо тайи ин тамрин бар зидди душмани шартӣ истифода мекунанд.
Барои то ҳадди имкон фароҳам овардани муҳити ҷангӣ ҳадафҳои статикӣ ва динамикии навъҳои гуногун дар майдонҳои тамринӣ истифода мешаванд, илова кардаанд дар Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Гуфта мешавад, мақсади асосии баргузории чорабиниҳо санҷиши омодагии қисмҳои пиёданизом дар робита ба иҷрои вазифаҳои омодагии ҷангӣ аст.
Ёдовар мешавем, соли 2021 Русия дар Тоҷикистон теъдоди рекордии машқҳоро баргузор кард.
Хизматчиёни ҳарбӣ дар зиёда аз 300 машғулият иштирок намуданд. Чунин тадбирҳо ба вазъи ноором дар Афғонистони ҳамсоя, ки дар миёнаҳои моҳи август толибон қудратро дар он ҷо ба даст оварданд, иртибот доранд.
Федератсияи Русия дар соли 2022 нақша дорад, на танҳо бо Тоҷикистон, балки бо Қирғизистон, Покистон, Миср, Ҳиндустон, Лаос, Шри-Ланка, Алҷазоир ва Муғулистон низ размоишҳои муштарак баргузор кунад.
Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон воқеъ буда, бузургтарин пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар берун аз марзи он аст.