Муҳлати карантин барои беморони COVID-19 дар Русия кам мешавад

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкСотрудники правоохранительных органов РФ на Воробьевых горах в Москве
Сотрудники правоохранительных органов РФ на Воробьевых горах в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Муовини сарвазири Русия гуфт, муҳлати карантин барои гирифторони COVID-19 то ҳафт рӯз кам мешавад
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Муҳлати карантин барои гирифторони COVID-19 дар Русия то як ҳафта кам мешавад, гуфт Татяна Голикова.
"Мо равишҳоро барои муоина ва карантини шаҳрвандон беҳинасозӣ карда истодаем, аз ҷумла давраи карантинро то 7 рӯз кам карда, тағйиротеро ворид мекунем, ки ба зудӣ бо қарорҳои сардухтури беҳдоштии Русия қабул мешаванд", - гуфт ӯ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Ҳукумати Русия дар умури мубориза бо коронавирус.
То ин дам ду ҳафта дар инзивоъ мондан лозим буд, аммо Голикова афзуд, ки мақомот вазъро назорат мекунанд ва дар ҳолати зарурӣ муҳлатро тағйир медиҳанд.
Девушка в маске в метро Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Собянин чораҳои зидди коронавирусро шадид кард
Ғайр аз ин дар вақти афзудани мавориди беморӣ рухсатӣ ғоибона дода мешавад.

Вазъи ҳамагирӣ ва омикрон дар Русия

Ба гуфтаи Голикова, ҳоло дар ин кишвар сатҳи масунияти дастаҷамъӣ аз коронавирус 63,9 дарсад аст, аммо дар Санкт-Петербург, Севастопол, Карелия ва Ҳавзаи мухтори Чукотка ба 80 дарсад расидааст.
Дар ҳамин ҳол 27,9 дарсади мубталоёни омикрон пурра ваксина нашудаанд ва 68,9 дарсади мавориди гирифторӣ ба омикрон ба афроди моякӯбинашуда рост меояд.
Муовини нахуствазир ҳушдор дод, ки ин беморӣ дар дохили ин кишвар аллакай авҷ гирифтааст, зеро аксари мубталоён дар хориҷ аз кишварашон набудаанд.
Медицинский работник в госпитале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Алоӣ тоҷикиcтониёнро аз омикрон ҳушдор дод: Карантин кунед ва кӯдаконро эҳтиёт намоед
Дар маҷмуъ, афзоиши шумори гирифторон дар 67 минтақа мушоҳида мешавад, аммо штамми нав то ҳол танҳо дар Маскав, вилояти Маскав ва Санкт-Петербург тавсеа пайдо кардааст.
"Таҷрибаи ҳамкасбони мо дар хориҷ аз он шаҳодат медиҳад, ки барои муҳофизат кардани худ аз ҷараёни шадиди беморӣ дубора ваксина гирифтан лозим аст", - гуфт Голиков.
Ӯ хотиррасон кард, ки ваксиназанӣ роҳи боэътимодтарини муҳофизат аз коронавирус мебошад.

Вазъи коронавирус дар Тоҷикистон

Тибқи гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, феълан дар кишвар, ягон навъи коронавирус мавҷуд нест.
Аммо теъдоди зиёди сокинон аз дарди гулӯ ва сулфаи хушк шикоят мекунанд.
Дар ин росто сарвари Пажуҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ тоҷикистониёнро ба эҳтиёткорӣ даъват намуда гуфтааст, пас аз ҳувайдо шудани нишонаҳои беморӣ бояд дар хона карантин шуд ва алоқаро бо атрофиён қатъ кард.
Ин пизишк нишонаҳои дар боло зикршударо аз аломатҳои навъи ҷадиди коронавирус - омикрон медонад.
Лентаи хабарҳо
0