Эксклюзиви солҳои 80-ум: навори нодири ҳунарнамоии Юлдуз Усмонова - видео

© Фото : Официальный сайт Юлдуз УсмоновойУзбекская певица Юлдуз Усмонова
Узбекская певица Юлдуз Усмонова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Дар интернет видеои ҳунарнамоии примадоннаи санъати ӯзбек дар телевизиони Туркия бо суруди машҳури охири солҳои 80-уми ӯ - "Olma-olma" пайдо шуд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар интернет видеои нодире аз ҳунарнамоии ситораи попи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова дар Истанбул, дар яке аз консертҳои телевизионии Туркия пайдо шудааст.
Дар ин видео Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон хеле ҷавон аст ва композитсияи машҳури "Olma-olma"-и худро месарояд, ки бо гузашти замон шуҳрати худро гум накардааст.
Зиёда аз 30 сол аст, ки Усмонова хитҳои худро барои мухлисон иҷро мекунад ва то ҳол онро дар консертҳо месарояд.
Дида мешавад, ки сароянда дар тӯли ин солҳо тағйир наёфтааст: вай бо баранда шӯхӣ мекунад ва рақси ҷаззоберо ба намоиш мегузорад.
Суруди баҳсбарангези Юлдуз аз саҳна бардошта мешавад - тафсилот
Дар мавриди либоси консертӣ Юлдуз Усмонова ба мӯди охири солҳои 80-уми асри гузашта бартарият медиҳад.
Сароянда дар тан пироҳани зебои гӯлобӣ дораду мӯйҳояшро мутобиқи мӯди он замон оро додааст.
Лентаи хабарҳо
0