Ҳуҷуми Ҷабҳаи муқовимат болои толибон дар Панҷшер - видео

© AFP 2023 / Ahmad Sahel ArmanАфганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Ҷабҳаи муқовимат болои толибон ҳуҷум карда, мошини боркашаи онҳоро таркондааст
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, таҳти раёсати Аҳмади Масъуд дар зодгоҳи ӯ, шаҳри Панҷшер болои толибон ҳамла кардаанд.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар шабакаи "Telegramm"-и худ бо истинод ба хабаргузории "Aamaj News" иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, ҳамлаи Ҷабҳаи муқовимат бо тарконидани як мошини боркаши толибон дар вулусволии Руха оғоз шудааст.
Ҳамзамон шаби гузашта ҷангҷӯёни толиб дар минтақаи Ҳинҷ мавриди ҳамлаи сарбозони ҷабҳа қарор гирифтанд.
Дар баробари ин пештар хабар дода шуда буд, ки Ҷабҳаи муқовимат дар танишҳои рӯзҳои истироҳат се толибро нобуд кардааст, аммо ҷангҷӯён ин иттилоъро рад мекунанд.
Гулбуддин Хекматияр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Ҳикматёр: Худованд аз ҳукумате, ки бо ҷабҳа созиш мекунад, рӯй мегардонад
Ба гузориши "8am.af", бо истинод ба манобеи маҳаллӣ, шоми якшанбе ҷабҳа ба посгоҳи марказии Мавлавӣ Ҳамдуллоҳ Муаввиз дар вулусволии Баҳораки вилояти Тахор ҳамла кардаанд. Муаввиз идораи истихбороти маҳаллии толибонро сарварӣ мекунад.
Гуфта мешавад, ки дар ин даргирӣ се толиб кушта ва чаҳори ҷангии дигари ин гурӯҳ маҷрӯҳ шудаанд.
Аммо шуъбаи фарҳанг ва иттилооти маҳаллии толибон иддао дорад, ки ба бинои "муовини пулис" ҳамла, норинҷаки дастсоз ба дохили он партоб шудааст, аммо касе осеб надидааст.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали мохи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо толибон муқовимат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0