https://sputnik.tj/20220118/eron-qahramon-bok-hukm-edom-1044887484.html
Пас аз як соли қатли Навиди Афкорӣ дар Эрон боз ба як қаҳрамони бокс ҳукми эъдом доданд
Пас аз як соли қатли Навиди Афкорӣ дар Эрон боз ба як қаҳрамони бокс ҳукми эъдом доданд
Sputnik Тоҷикистон
Варзишгар барои хисорот дар ҷараёни эътирозҳои кишвар гунаҳкор дониста шуд
2022-01-18T12:38+0500
2022-01-18T12:38+0500
2022-01-18T18:12+0500
эрон
эъдом
муштзан
қаҳрамон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102393/59/1023935910_0:493:1370:1264_1920x0_80_0_0_4d5196ed1c7910f3b415d099bdab8b64.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Эрон қаҳрамони бокс Муҳаммадҷаводи Вафоии Сонӣ ба эъдом маҳкум шуд. Дар ин бора як созмони ғайриҳукуматии ҳуқуқи башари ин кишвар, воқеъ дар Норвегия хабар додааст. Варзишгари 26-сола ҳангоми ширкат дар эътирозҳои соли 2019 ба далели боло рафтани қимати сӯзишворӣ дар оташсӯзӣ ва тахриби биноҳои давлатӣ гунаҳкор дониста шудааст. Муҳаммадҷаводи Вафоӣ моҳи феврали соли 2020 боздошт шуда ва то ҳанӯз он ҷо ба сар мебарад. Ҳукми эъдоми ин муштзан ҳамагӣ як сол баъд аз эъдоми қаҳрамони куштии миллии Навиди Афкории 27-сола содир шуд.Қабл аз ин вай изҳор дошт, ки ӯро шиканҷа кардаанд, то ширкаташ дар эътирозҳои алайҳи мақомот ва куштори як корманди амниятро эътироф намояд. Вакили дифои Муҳаммадҷаводи Вафоӣ ният дорад, ки ба Додгоҳи Олӣ шикоят кунад. Паём дар бораи эъдоми муштзан боиси вокуниши фаъоли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Онҳо хэшттеги #SaveMohammadJavad-ро роҳандозӣ карда, раҳоии варзишгарро талаб карданд. Ёдовар мешавем, Муҳаммадҷавод қаҳрамони Эрон дар риштаи бокс миёни наврасон ва Қаҳрамонии шаҳри Машҳад аст.Эрон аз рӯи теъдоди эъдомҳо пас аз Чин дар ҷои дуввум аст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар ин кишвар ҷунбиши фаъоле барои лағви чунин аҳком даст ба кор шудааст. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хэштаги "Иҷозат надиҳед!" роҳандозӣ шуда буд, ки Қонуни ҳукми қатлро дар назар дошт. Ин маърака на танҳо дар дохили Эрон, балки берун аз он низ паҳн шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ иддао доранд, ки ҷомеа аз чунин муҷозот пуштибонӣ намекунад, ки бо мавқеи мақомот мухолифат аст.
https://sputnik.tj/20200913/Eron-varzishkori-shinokhtaash-Navid-Afkoriro-qatl-kard-1031889812.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102393/59/1023935910_0:364:1370:1392_1920x0_80_0_0_a344ac05ae28366396427f115ff99421.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон қаҳрамони ҳукми эъдом
эрон қаҳрамони ҳукми эъдом
Пас аз як соли қатли Навиди Афкорӣ дар Эрон боз ба як қаҳрамони бокс ҳукми эъдом доданд
12:38 18.01.2022 (Навсозишуда: 18:12 18.01.2022) Варзишгар дар ворид кардани хисорот тайи эътирозҳои мардумӣ дар Эрон гунаҳкор дониста шуд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Эрон қаҳрамони бокс Муҳаммадҷаводи Вафоии Сонӣ ба эъдом маҳкум шуд. Дар ин бора як созмони ғайриҳукуматии ҳуқуқи башари ин кишвар, воқеъ дар Норвегия хабар додааст.
Варзишгари 26-сола ҳангоми ширкат дар эътирозҳои соли 2019 ба далели боло рафтани қимати сӯзишворӣ дар оташсӯзӣ ва тахриби биноҳои давлатӣ гунаҳкор дониста шудааст.
Муҳаммадҷаводи Вафоӣ моҳи феврали соли 2020 боздошт шуда ва то ҳанӯз он ҷо ба сар мебарад.
Ҳукми эъдоми ин муштзан ҳамагӣ як сол баъд аз эъдоми қаҳрамони куштии миллии Навиди Афкории 27-сола содир шуд.
Қабл аз ин вай изҳор дошт, ки ӯро шиканҷа кардаанд, то ширкаташ дар эътирозҳои алайҳи мақомот ва куштори як корманди амниятро эътироф намояд.
Вакили дифои Муҳаммадҷаводи Вафоӣ ният дорад, ки ба Додгоҳи Олӣ шикоят кунад.
Паём дар бораи эъдоми муштзан боиси вокуниши фаъоли корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.
Онҳо хэшттеги #SaveMohammadJavad-ро роҳандозӣ карда, раҳоии варзишгарро талаб карданд.
Ёдовар мешавем, Муҳаммадҷавод қаҳрамони Эрон дар риштаи бокс миёни наврасон ва Қаҳрамонии шаҳри Машҳад аст.
Эрон аз рӯи теъдоди эъдомҳо пас аз Чин дар ҷои дуввум аст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар ин кишвар ҷунбиши фаъоле барои лағви чунин аҳком даст ба кор шудааст.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хэштаги "Иҷозат надиҳед!" роҳандозӣ шуда буд, ки Қонуни ҳукми қатлро дар назар дошт. Ин маърака на танҳо дар дохили Эрон, балки берун аз он низ паҳн шуд.
Ҳомиёни ҳуқуқ иддао доранд, ки ҷомеа аз чунин муҷозот пуштибонӣ намекунад, ки бо мавқеи мақомот мухолифат аст.