https://sputnik.tj/20220118/covid-qirghiziston-kudakon-vaksina-1044885000.html
COVID дар Қирғизистон: кӯдакони аз 12-сола боло ваксина мешаванд
COVID дар Қирғизистон: кӯдакони аз 12-сола боло ваксина мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати беҳдошти ин кишвар тасдиқ намуд, ки кӯдакони аз 12 - сола боло моякӯбӣ мешаванд, вале на ҳама
2022-01-18T12:52+0500
2022-01-18T12:52+0500
2022-01-18T18:16+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
қирғизистон
тандурустӣ
кӯдакон
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043236163_0:98:1921:1178_1920x0_80_0_0_8f87c8f2739eccdb197033a3a62244ea.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Қирғизистон кӯдакони аз 12-сола болоро ваксина мезананд. Қаблан чунин хабар дар расонаҳои ин кишвар пайдо шуда буд. Ахиран намояндаи Вазорати тандурустии Қирғизистон Гулбара Ишинепасова тавзеҳ додааст, ки кадом кӯдакон ваксиназанӣ мешаванд.Ба таъкиди ӯ, дар Қирғизистон кӯдаконе, ки синнашон ба 16 расидааст ва ҳамзамон худ хоҳиши ваксинагирӣ доранд, моякӯбӣ мешаванд. Ба маълумоти ӯ, аллакай 5-6 ҳазор кӯдакон дар ин синну сол ваксина гирифтаанд.Дар мавриди ваксиназании кӯдакони аз 12-сола боло номбурда гуфтааст, вазорат танҳо кӯдаконеро, ки зарурати парвоз бо волидони худ ба кишварҳои хориҷӣ доранд ва он давлат моякӯбиро талаб намояд, ваксина мекунад.Ба боварии Ишинепасова, дар Қирғизистон шояд 100 кӯдаки аз 12-сола боло зарурати ваксина гирифтанро дошта бошад.Ҳоло кӯдакони ин кишвар бо ваксинаи "Pfizer" моякӯбӣ мешаванд.Намояндаи вазорат илова кард, ки дар оянда тибқи тавсияи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар мавриди зарур будан ё набудани ваксиназании кӯдакон амал менамоянд.Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон танҳо афроди аз 18-сола боло ваксина мегиранд. Ба таъкиди Вазорати тандурустӣ, ҳоло моякӯбӣ шудани кӯдакон мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст ва Тоҷикистон тасмими СҶБ-ро интизор аст.
https://sputnik.tj/20211219/vazir-tandurustii-giriftorii-kudakon-koronavirus-1044254953.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043236163_0:0:1707:1280_1920x0_80_0_0_4aac4e839b18d5bb6760b666c439e330.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон ваксина кӯдакон
қирғизистон ваксина кӯдакон
COVID дар Қирғизистон: кӯдакони аз 12-сола боло ваксина мешаванд
12:52 18.01.2022 (Навсозишуда: 18:16 18.01.2022) Вазорати беҳдошти ин кишвар тасдиқ намуд, ки кӯдакони аз 12-сола боло моякӯбӣ мешаванд, вале на ҳама
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Қирғизистон кӯдакони аз 12-сола болоро ваксина мезананд. Қаблан чунин хабар дар расонаҳои ин кишвар пайдо шуда буд. Ахиран намояндаи Вазорати тандурустии Қирғизистон Гулбара Ишинепасова тавзеҳ додааст, ки кадом кӯдакон ваксиназанӣ мешаванд.
Ба таъкиди ӯ, дар Қирғизистон кӯдаконе, ки синнашон ба 16 расидааст ва ҳамзамон худ хоҳиши ваксинагирӣ доранд, моякӯбӣ мешаванд. Ба маълумоти ӯ, аллакай 5-6 ҳазор кӯдакон дар ин синну сол ваксина гирифтаанд.
Дар мавриди ваксиназании кӯдакони аз 12-сола боло номбурда гуфтааст, вазорат танҳо кӯдаконеро, ки зарурати парвоз бо волидони худ ба кишварҳои хориҷӣ доранд ва он давлат моякӯбиро талаб намояд, ваксина мекунад.
Ба боварии Ишинепасова, дар Қирғизистон шояд 100 кӯдаки аз 12-сола боло зарурати ваксина гирифтанро дошта бошад.
Ҳоло кӯдакони ин кишвар бо ваксинаи "Pfizer" моякӯбӣ мешаванд.
Намояндаи вазорат илова кард, ки дар оянда тибқи тавсияи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар мавриди зарур будан ё набудани ваксиназании кӯдакон амал менамоянд.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон танҳо афроди аз 18-сола боло ваксина мегиранд. Ба таъкиди Вазорати тандурустӣ, ҳоло моякӯбӣ шудани кӯдакон мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст ва Тоҷикистон тасмими СҶБ-ро интизор аст.