Тазоҳуроти занони афғонистонӣ барои иҷборӣ шудани ҳиҷоб дар Кобул

© AFP 2023 / Bulent KilicЖенщина в бурке напротив граффити в Кабуле
Женщина в бурке напротив граффити в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Гурӯҳе аз занони афғон барои иҷборӣ шудани ҳиҷоб ба хиёбонҳои Кобул пойтахти Афғонистон барома, даст ба эътироз заданд
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Теъдоди аз занони афғонистонӣ ахиран дар эътироз ба дархости Вазорати амри ба маъруф ва наҳйе аз мункари толибон мабнӣ бар риъояти ҳиҷоб ва пӯшидани рӯсарӣ, дар Кобул тазоҳурот карданд, иттилоъ додааст ИСНА.
“Ин эътироз барои дифоъ аз ҳуқуқи занон ба сурати мусолиматомез буд, аммо тавассути Толибон бо гази ашковар саркуб шуд”, - гуфт яке аз занони муътариз.
Гурӯҳи толибон, ки аз 15 август қудратро дар Афғонистон ба даст гирифта аст талош мекунад ба мардуми ин кишвар ва ҷомеъаи байналмиллалӣ дар бораи риъояти ҳуқуқи занон итминони хотир бидиҳад, аммо то кунун иҷроӣ накарда аст.
Афганские дети попрошайничают на улицах провинции Бадахшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Афзоиши бесобиқаи кӯдакону занони гадо дар Бадахшони Афғонистон
Маҳрум мондани занон ва духтарон аз омӯзиш ва надоштани кор дар давлати толибон ҳамвора аз нукоти қобили баҳс дар Афғонистон ва нишастҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ буда аст.
з рӯзи ба сари қудрат омадани толибон мушкилоти ҳуқуқи занон дар Афғонистон ба маротиб афзоиш ёфт.
Лентаи хабарҳо
0