Сокинони Кобул дар назди нонвойхонаҳо мунтазири нони бепул - видео

Обуна шудан
Садҳо нафар аз мардуми камбизоати Кобул ҳар рӯз дар назди нонвойхонаҳо ҷамъ меоянд, то касеро пайдо кунанд, ки ба онҳо нони ройгон диҳад
Бекорӣ ва фақр дар пойтахти Афгонистон баъд аз суқути ҳукумати пешин рӯз то рӯз меафзояд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш СММ эълон карда буд, аз ҳар ду кӯдак якеи он ба иллати набудани ғизо ва дастрасии ночиз ба обу хидмати беҳдоштӣ дар соли ояндаи милодӣ дар Афғонистон ба гуруснагии шадид гирифтор хоҳад шуд.
Ба ҷуз аз кӯдакон Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз вазъи зиндагии модарон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда ва аз эҳтимоли афзоиши марги модарону кӯдакон дар Афғонистон ҳушдор додааст.
Тибқи иттилои ин созмон, чордаҳ миллион кӯдак дар хатари гуруснагӣ ва беш аз се миллион кӯдаки дигар зери хатари норасоии ғизо қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид аз раҳбарони ҷаҳон даъват кардааст, ки ба вазъи ногувори кӯдакони афғонистонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир ва дар ҷилавгирӣ аз буҳрони башарӣ дар Афғонистон кумак кунанд.
Лентаи хабарҳо
0