Шикасти ногувор: 3:16-натиҷаи ду бозии Тоҷикистону Гурҷистон

© ФФТМатч по футзалу Таджикистан-Грузия 2022
Матч по футзалу Таджикистан-Грузия 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона дар Гурҷистон хол ба даст оварда натавонист, ҳар ду бозӣ бо мизбонон ногувор анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ду бозии дӯстона аз тими Гурҷистон, ки дар майдони рақибон баргузор шуд, шикаст хӯрд, хабар медиҳад ФФТ-и ҷумҳурӣ.
Бозиҳои байни тимҳои яккачини кишварҳо дар Тбилисӣ бо ғалабаи намояндагони Гурҷистон ба ҳисоби 6:2 ва 10:1 анҷом ёфт.
Зимнан дар бозии аввал ду голи тими Тоҷикистонро Умед Қӯзиев ва Бахтиёр Солиев ба ҳадаф расониданд. Голи ягонаи дидори дуюмро Идрис Ёров ба дарвоза ворид кард.
ФФТ таъкид кардааст, ки тими Тоҷикистонро зарур буд, дар ин дидор бидуни иштироки сармураббӣ Пайрав Воҳидов ва як идда аз бозигарон бозиҳои дӯстона анҷом медод. Зеро санҷишҳои коронавируси онҳо, ки дар Тифлис гирифтаанд, натиҷаҳои шубҳаовар доданд.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Сабукӣ барои ҷалби бозигарону мураббиён аз хориҷ ва рушди футбол дар Тоҷикистон
Ҳамин тари, бо шикастҳои ногувор дар бозиҳои дӯстона, тими миллии футзал марҳилаи аввали омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 анҷом дод.
Он аз 10 то 12 апрел дар Бишкек баргузор мешавад.
Бозиҳо дар Гурчистон аввалин омодагиҳо ба ин мусобиқа буданд.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Қирғизистон мунтахаби кишвар дар минтақаи омехтаи Марказӣ ва Ҷанубӣ баромад мекунад.
Рақибони дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" дастаҳои Афғонистон, Непал ва Ӯзбекистон хоҳанд буд. Аз гурӯҳ танҳо ду даста ба қисми ниҳоии Ҷом роҳ меёбанд.
Лентаи хабарҳо
0