Садамаи маргбор: ҳалокати мусофир баъди бархӯрди "Тайота" бо "КАМАЗ" ва "Дулан"

© Sputnik / Александр НестеровДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Дар пайи садамаи мудҳиши нақлиётие мусофире ҷон бохтаву ронанда бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ хабар медиҳад.
Тибқи гузориши ин ниҳод, ҳодисаи мудҳиш шамои 15-уми январи соли ҷорӣ, тахминан соати 19:20 дақиқа дар километри 8-уми шоҳроҳи “Исфара - Кӯчкак” сар задааст.
Иллати сар задани садамаро ВКД ба ноуҳдабароии ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемри" Муъминов Муҳиб Юлдошевичи 42-сола рабт додааст.
Ба иттилои манбаъ, Муъминов ҳангоми ҳаракт нахуст ба қафои автомашинаи тамғаи "КАМАЗ", ки таҳти идораи ронанда Охунов Мирзосолиҳ қарор доштааст, баъдан қисми қафояш муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба "Дулан"-и таҳти идораи ронанда Алишер Қаюмов бархӯрдааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2022
Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе - Хуҷанд: се ҳалокшуда аъзои як хонавода
Гуфта мешавад, дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемри" Почоев Зафари 38-сола, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронанда бошад, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВУД мегӯяд, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0