https://sputnik.tj/20220117/ronandagon-dushanbe-khujand-roh-1044854045.html
Ронандагон рӯзи дувум аст, ки бозшавии роҳи Душанбе - Хуҷандро интизоранд
Ронандагон рӯзи дувум аст, ки бозшавии роҳи Душанбе - Хуҷандро интизоранд
Sputnik Тоҷикистон
Филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон, ки ба шоҳроҳи бузург хизмат мерасонад, ронандагонро аз баста шудани роҳҳо бо сабаби номусоидии обу ҳаво ҳушдор медиҳад
2022-01-17T10:33+0500
2022-01-17T10:33+0500
2022-01-17T16:41+0500
роҳ
дар тоҷикистон
нақлиёт
ширкати irs
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101399/03/1013990314_0:50:1600:950_1920x0_80_0_0_a033bc58bc9b318987b7f4b5aa216dac.jpg
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Рӯзи дуюм аст, ки роҳи Душанбе - Хуҷанд баста аст, зеро дар минтақа ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тарма идома дорад, хабар медиҳад ширкати IRS. Ҳаракати тамоми мошинҳо аз ҷониби Душанбе, дар километри 39-ум ва аз тарафи Хуҷанд дар километри 81-уми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ то ҳол масдуд аст. Ба иттилои манбаъ, кормандони ширкат оқибатҳои фаромадани тармаро бартараф намуда, роҳро тоза ва маводи зидди лағжиш мепошанд.Дар давоми рӯз дар қитъаи муайяншудаи роҳ 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 метр ва паҳнои 200 метр бартараф карда шуд. "Мо дар бораи азсаргирии ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ ба таври алоҳида гузориш хоҳем дод", - қайд кардааст ширкат.Дар ҳамин ҳол кормандони шаркат мегӯянд, ба далели муваққатан баста шудани роҳ дар ин минтақа ба ронандагону мусофирон маводи ғизоӣ тақсим мекунанд.Қаблан КҲФ Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки хатари фаромадани тарма дар ҷодаҳои кӯҳӣ бештар мешавад. IRS ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки ба хотири амнияти ҷони худ то эълони ифтитоҳи роҳ аз рондани мошин худдорӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20220116/roh-dushanbe-khujand-basta-1044845694.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101399/03/1013990314_139:0:1468:997_1920x0_80_0_0_c583516da582e8edfc3ad2a4d158d43a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ронандагон бозшавӣ роҳ душанбехуҷанд
ронандагон бозшавӣ роҳ душанбехуҷанд
Ронандагон рӯзи дувум аст, ки бозшавии роҳи Душанбе - Хуҷандро интизоранд
10:33 17.01.2022 (Навсозишуда: 16:41 17.01.2022) Ширкати IRS, ки масъули пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ мебошад, ронандагонро аз баста шудани роҳҳо бо сабаби номусоидии обуҳаво хабар кардааст
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Рӯзи дуюм аст, ки роҳи Душанбе - Хуҷанд баста аст, зеро дар минтақа ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тарма идома дорад, хабар медиҳад ширкати IRS.
Ҳаракати тамоми мошинҳо аз ҷониби Душанбе, дар километри 39-ум ва аз тарафи Хуҷанд дар километри 81-уми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ то ҳол масдуд аст.
Ба иттилои манбаъ, кормандони ширкат оқибатҳои фаромадани тармаро бартараф намуда, роҳро тоза ва маводи зидди лағжиш мепошанд.
Дар давоми рӯз дар қитъаи муайяншудаи роҳ 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 метр ва паҳнои 200 метр бартараф карда шуд.
"Мо дар бораи азсаргирии ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ ба таври алоҳида гузориш хоҳем дод", - қайд кардааст ширкат.
Дар ҳамин ҳол кормандони шаркат мегӯянд, ба далели муваққатан баста шудани роҳ дар ин минтақа ба ронандагону мусофирон маводи ғизоӣ тақсим мекунанд.
Қаблан КҲФ Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки хатари фаромадани тарма дар ҷодаҳои кӯҳӣ бештар мешавад.
IRS ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки ба хотири амнияти ҷони худ то эълони ифтитоҳи роҳ аз рондани мошин худдорӣ кунанд.