Покистон ба пулдорон иқомати доимӣ медиҳад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкИмран Хан, примьер министр Пакистана
Имран Хан, примьер министр Пакистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Давлати Покистон, тибқи сиёсати ҷадиди амнияти миллӣ худ, қасд дорад, ба шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати сармоягузорӣ дар ин кишвар иқомати доимӣ бидиҳад
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ҳукумати Покистон тасмим гирифт, ки ба сармоягузорони хориҷӣ иҷозати иқомати доимӣ бидиҳад, то сармоягузорони бузург ва сарватмандони афғонистонӣ, чинӣ ва сикҳҳоро ҷалб кунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Тасним”.
“Дар ростои сиёсати ҷадиди амнияти миллӣ, ки ҳастаи амнияти миллиро иқтисоди геополитикӣ медонад, давлат тасмим гирифт, ба шаҳрвандони хориҷӣ иқомати доимӣ диҳад. Тибқи ин сиёсат, иқомати доимии хориҷиҳо мусталзими сармоягузории онҳо дар кишвар аст”, - иттилоъ додааст вазири иттилооти Покистон.
Давлати Покистон бовар дорад, ки ин тарҳ миллиардҳо доллар сармояи хориҷиро ба ин кишвар ворид хоҳад кард.
Покистон қасд дорад, сармоягузорҳои бузург, афғонистониҳои сарватмандро, ки ҳоло дар кишварҳое ба мисли Эрон, Туркия ва Малайзия фаъолият мекунанд, ҷалб намояд.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Вокуниши тунди Карзай ба сарвазири Покистон: Аз номи Афғонистон суханронӣ накунед
Хукумати Покистон умедвор аст, ки сикҳҳои америкоӣ ба сабаби шавқу ҳавасашон ба мавзеъҳои динии сикҳ дар ин кишвар ба соҳаҳои гуногуни иктисодиёти Покистон маблаггузорӣ мекунанд.
Нахуствазири Покистон низ дар изҳороти ахири худ эълом дошт, қасд дорад, сармоягузорони аршади чиниро, ки саноати худро дар кишварҳои дигари минтақа таъсис додаанд, ҷалб намояд.
Ҳукумати ин кишвар инчунин умедвор аст, сарватмандони араб, ки ҳамасола барои шикор вориди Покистон мешаванд, ба дарёфти шаҳрвандии Покистон манфиатдор хоҳанд буд.
Лентаи хабарҳо
0