Толибон: Бо Туркманистон барои оғози пружаи TAPI ва тамдиди роҳи оҳан тавофуқ кардем

© Sputnik Московский формат консультаций по Афганистану
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии толибон мегӯяд, тавофуқ шуд, то Афғонистон ба унвони масири транзитии миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода шавад ва гази моеъ, маводи маъданӣ, хурокаву соири амволи тиҷорӣ аз ҳамин роҳ интиқол ёбад
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Намояндаи Вазорати умури хориҷии толибон дар саҳифаи твиттерии худ навишт, ки як ҳайати баландпоя ба раҳбарии Амирхон Муттақӣ, сарпарасти ин вазорати Афғонистон ахиран бо даъвати Туркманистон ба Ашқобод сафар карда, бо Рашид Муродов, муовини нахуствазир мулоқот карданд.
“Дар мулоқот масоили марбут ба равобити дуҷонибаи сиёсӣ, дипломатӣ ва иқтисодӣ, ҳамкориҳои амниятӣ, оғози зудтари лоиҳаҳои TAPI ва ТОП, рушди тиҷорату фаъолияти бахши хусусӣ, афзоиши содироти мармар, меваҳои тару хушк, бавижа такмили пружаҳои хатти роҳи оҳан дар Оқина ва Турғандӣ, сармоягузорӣ ба нерӯи бодӣ баҳсҳои созанда анҷом ёфта, аз ҷониби ҳар ду тараф баррасӣ шуданд”, - навиштааст намояндаи толибон.
Гуфта мешавад, дар ин музокирот тавофуқ шуд, то Афғонистон ба унвони масири транзитии миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода шаваду гази моеъ, маводи маъданӣ, хӯрока ва соири амволи тиҷорӣ аз ҳамин роҳ интиқол ёбад.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки нишасти тими фаннии ду кишвар рӯзи 22-юми январ дар Кобул баргузор шавад ва кори барқ, тарҳи TAPI, тамдиди роҳи оҳан дар моҳи марти соли ҷорӣ ифтитоҳ шавад.
Лентаи хабарҳо
0