Тоҷикистон метавонад, узви созмоне амсоли НАТО бошад

© Sputnik / Russian Defence Ministry / Гузариш ба медиабонкВоенная техника российской части миротворческих сил ОДКБ на аэродроме в Алма-Ате
Военная техника российской части миротворческих сил ОДКБ на аэродроме в Алма-Ате - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
Обуна шудан
Кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз такмили ин иттиҳод метавонанд афзалиятҳое ба даст оранд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. СААД, ки шаш кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро дар бар мегирад, бояд ба созмоне ба монанди НАТО табдил дода шавад.
Дар ин бора ба расонаи "Украина.ру" сиёсатшиноси белорус, Всеволод Шимов изҳори назар кардааст.
Такмили СААД метавонад паёми ҷиддие барои Эътилофи Атлантикаи шимолӣ гардад, муътақид аст коршинос. Ба ҳамин минвол Русия нишон медиҳад, ки дар атрофи кишвар иттиҳоди устувори сиёсию низомӣ ташаккул ёфта истодааст.
"Вокуниши беҳтарин табдили СААД ба амсоли НАТО мебошад. Яъне ба созмони дорои идораи ҳамоҳангшудаи артиш, сиёсати муштараки таслеҳот ва пойгоҳҳои доимӣ дар қаламрави кишварҳои иштирокдор", - тавзеҳ дод Шимов.
Инчунин коршинос дар ин суҳбат музокироти ахири Русия ва НАТО-ро низ арзёбӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷаласаи Шӯрои НАТО ва Русия барои коҳиши ташаннуҷ миёни иштирокдорон мусоидат накард, аммо худи муколама падидаи мусбат аст.
Государственные флаги России и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Аъзои НАТО дар муқобили "густариши нуфузи геополитикии Русия" паҳлӯ ба паҳлӯ меистанд
Ӯ мегӯяд, гумон аст, ки музокироти минбаъдаи Русия ва НАТО ба истиснои тавофуқоти ҷузъӣ, натиҷаҳои назаррасе дошта бошанд.
Сиёсатшинос илова намуд, ки Украина ва Гурҷистон имконе барои вуруд ба НАТО-ро надоранд, чун ҳардуи ин кишвар баҳсҳои ҳалношудаи ҳудудӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0