Баъди шикаст бо ҳисоби бузург: Тоҷикистон боз бо Гурҷистон зӯрозмоӣ мекунад

© Сомонаи Федератсияи футболи ТоҷикистонТими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футзал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
Обуна шудан
Тими футзалбозони Тоҷикистон аз дастаи Гурҷистон шикаст хӯрд ва интизор меравад, ки барои бозии ҷавобӣ боз вориди майдон шавад
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Бозии мунтахабҳои Тоҷикистону Гурҷистон дар шаҳри Тифлис бо ҳисоби 2:6 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, нимаи аввали бозӣ мусовӣ бо ҳисоби 2:2 ба поён расид, аммо дар даври дуюм дастаи мизбон ба дарвозаи меҳмонон чор голи беҷавоби дигар ворид намуд. Голҳои ҷониби Тоҷикистонро Умед Кузиев ва Бахтиёр Солиев ба ҳадаф расонданд.
Манбаъ таъкид намуд, ки шоми 16 январ бозии ҷавобӣ миёни мунтахабҳои Тоҷкиистону Гурҷистон дар назар аст, ки соати 19:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Сабукӣ барои ҷалби бозигарону мураббиён аз хориҷ ва рушди футбол дар Тоҷикистон
Барои тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бозӣ бо дастаи Гурҷистон яке аз марҳилаҳои тайёрӣ барои бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё - 2022 мебошад. Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" қувваозмоӣ мекунад. Рақибонаш дар ин гурӯҳ дастаҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал мебошанд. Интизор меравад, ки марҳилаи интихобӣ аз 10 то 12 апрел дар шаҳри Бишкек баргузор шавад.
Ба тими мунтахаби футзалбозҳои Тоҷикистон дарвозабонҳо Фирӯз Бозмамадов аз тими "Истиқлол" ва Хушбахт Исоев аз "Соро компания" ворид гардидаанд.
Инчунин Тоҷикистонро бозигарон Файзалӣ Сардоров, Мухаммаҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов – аз "Соро компания", Умед Кузиев, Парвиз Раҳматов, Собирҷон Гуляков аз "Сипар", Рустам Ҳамидов аз "Окжетпес"-и Қазоқистон, Самандар Ризомов, Абдуқаюм Умаров, Нусратшо Исмоилов аз "Истиқлол" ва Дилшод Саломов аз "Рахш-Такси" намояндагӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0