Инфиҷор дар Кобул: ду кӯдак ба ҳалокат расид

© REUTERS \ Omar SobhaniВзрыв в Кабуле
Взрыв в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
Обуна шудан
Шоҳидон аз ҷойи таркиш дар шаҳри Кобул, ки дар он ду кӯдак ҷон бохту чанд нафари ғайринизомии дигар захмӣ шуд, хабар доданд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Шоҳидон ҳамчунин гуфтанд, ки ин таркиш дар минтақаи Багромӣ пойтахт рух дод. Бомб дар канори роҳ ҳангоме таркидааст, ки он замон як мошини толибон мегузаштааст.

"Бомба таркид, тақрибан соати 12:00 таркид. Ду кӯдак кушта ва чанд нафар аз сокинони осоишта ҷароҳат бардоштанд”, - гуфт манбаъ.

Толибон то ҳол дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд ва касе ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.
Граница, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Чиҳил урдӯгоҳ ва шаш ҳазор ҷангҷӯ: дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ иттифоқе меуфтад?
Ба дунболи эъломи омодагии Амрико барои хуруҷи нерӯҳои худ толибон амалиёти густарда барои тасарруфи Афғонистонро оғоз карданд. Рӯзи 15-уми август Ашраф Ғанӣ фирор кард ва Толибон бидуни ҷанг вориди шаҳри Кобул шуданд.
Лентаи хабарҳо
0