https://sputnik.tj/20220116/dollar-murd-qurbi-puli-amrikoi-korshinosonro-1044847048.html
Доллар "мурд": қурби пули амрикоӣ коршиносонро дар ҳайрат гузошт
Доллар "мурд": қурби пули амрикоӣ коршиносонро дар ҳайрат гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Қурби асъори амрикоӣ то охири моҳ ноустувор хоҳад буд
2022-01-16T14:40+0500
2022-01-16T14:40+0500
2022-01-17T16:01+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
рубл
доллар
евро
ноустувор
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061418_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_6c0edb7827fd33f1af7f9d29ee0034eb.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв - Sputnik. То охири моҳи январи соли 2022 доллар ҳамчун асъори осебпазир боқӣ мемонад. Дар ин бора Ирина Комарова, мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов дар мусоҳиба бо "Прайм" изҳори назар кардааст.Ба гуфтаи вай, то охири моҳ қурби пули амрикоӣ то 74 рубл коҳиш хоҳад ёфт.Коршиносони ҷаҳонӣ паёмадҳои манфӣ барои иқтисоди Амрикоро интизоранд. Онҳо ба ин раванд таҷдиди дурнамои рушди ММД-и ин кишвар, ки аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифтааст, ишора мекунад."Вазъ дар бозори хирудуфрӯши коғазҳои қиматноки Амрико низ бадтар мешавад, шохиси саноатии "Dow Jones", S&P 500 ва шохиси ширкатҳои технологӣ NASDAQ динамикаи манфиро нишон медиҳанд", - қайд кард коршинос.Дар пасманзари доллар қурби евро низ бо ноустувории ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавад, мегӯянд онҳо. То охири моҳи январ қурби ин асъор ба 83,5 - 84 рубл мерасад.Омили асосии заифшавии евро динамикаи иқтисодии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Вақтҳои охир дар ин кишварҳо коҳиши фаъолияти соҳибкорӣ мушоҳида шудааст, ки намояи менеҷерони харид (PMI) ба далели маҳдудиятҳо дар бахши хидматрасонӣ динамикаи манфиро нишон медиҳад.Инчунин нишондиҳандаҳои истеҳсолии саноат низ бад шуда, мушкилоти таъминоти моддию техникӣ ба миён омаданд.Дар суҳбат бо “Прайм” хонум Комарова дар бораи коҳиш ёфтани имконот барои ҳавасмандкунии минбаъдаи пулию қарзии иқтисоди Аврупо дар пасманзари бад шудани хатарҳои таваррумӣ ишора кард.Ба ин тасҳеҳи сиёсати пулию қарзии Бонки марказии Аврупо дар самти кам кардани хариди дороиҳо дар доираи Барномаи хариди фавқулоддаи пандемия шаҳодат медиҳад.Қаблан коршиносони масоили иқтисодии варзидаи Русия гуфта буданд, ки қурби доллар дар соли 2022 чӣ гуна хоҳад буд.Коршиносон пешгӯӣ карда буданд, ки дар давоми сол асъори "амрикоӣ" дар доираи 70 - 76 рубл боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20210311/Padrud-dollar-Rusiya-vobastagii-dollar-kam-dorad-1032981967.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061418_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_c3b7de4094ada51f8fd04b3dc1fa5b01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
доллар, иқтисод, дар ҷаҳон, коршиносон, ноустувор
доллар, иқтисод, дар ҷаҳон, коршиносон, ноустувор
Доллар "мурд": қурби пули амрикоӣ коршиносонро дар ҳайрат гузошт
14:40 16.01.2022 (Навсозишуда: 16:01 17.01.2022) Қурби асъори амрикоӣ то охири моҳ ноустувор хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 16 янв - Sputnik. То охири моҳи январи соли 2022 доллар ҳамчун асъори осебпазир боқӣ мемонад. Дар ин бора Ирина Комарова, мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов дар мусоҳиба бо "Прайм" изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи вай, то охири моҳ қурби пули амрикоӣ то 74 рубл коҳиш хоҳад ёфт.
Коршиносони ҷаҳонӣ паёмадҳои манфӣ барои иқтисоди Амрикоро интизоранд. Онҳо ба ин раванд таҷдиди дурнамои рушди ММД-и ин кишвар, ки аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифтааст, ишора мекунад.
"Вазъ дар бозори хирудуфрӯши коғазҳои қиматноки Амрико низ бадтар мешавад, шохиси саноатии "Dow Jones", S&P 500 ва шохиси ширкатҳои технологӣ NASDAQ динамикаи манфиро нишон медиҳанд", - қайд кард коршинос.
Дар пасманзари доллар қурби евро низ бо ноустувории ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавад, мегӯянд онҳо. То охири моҳи январ қурби ин асъор ба 83,5 - 84 рубл мерасад.
Омили асосии заифшавии евро динамикаи иқтисодии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Вақтҳои охир дар ин кишварҳо коҳиши фаъолияти соҳибкорӣ мушоҳида шудааст, ки намояи менеҷерони харид (PMI) ба далели маҳдудиятҳо дар бахши хидматрасонӣ динамикаи манфиро нишон медиҳад.
Инчунин нишондиҳандаҳои истеҳсолии саноат низ бад шуда, мушкилоти таъминоти моддию техникӣ ба миён омаданд.
Дар суҳбат бо “Прайм” хонум Комарова дар бораи коҳиш ёфтани имконот барои ҳавасмандкунии минбаъдаи пулию қарзии иқтисоди Аврупо дар пасманзари бад шудани хатарҳои таваррумӣ ишора кард.
Ба ин тасҳеҳи сиёсати пулию қарзии Бонки марказии Аврупо дар самти кам кардани хариди дороиҳо дар доираи Барномаи хариди фавқулоддаи пандемия шаҳодат медиҳад.
Қаблан коршиносони масоили иқтисодии варзидаи Русия гуфта буданд, ки қурби доллар дар соли 2022 чӣ гуна хоҳад буд.
Коршиносон пешгӯӣ карда буданд, ки дар давоми сол асъори "амрикоӣ" дар доираи 70 - 76 рубл боқӣ мемонад.