Заминларза дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон

© Science Photo LibraryСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Обуна шудан
Заминларза дар кӯҳҳои Ҳиндукуш сар зада, ларзиши он дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон низ ҳис шудааст
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази сейсмологии Аврупо ва баҳри Миёназамин.
Дар кӯҳҳои Ҳиндукуш, ки бештари онҳо дар Афғонистон воқеъанд, зилзилае ба шиддати 5,5 дараҷа дар соати 16:13 (19:13 ба вақти Маскав) сабт шудааст.
Ба гуфтаи донишмандон, маркази заминларза дар 25-километрии ҷанубу ғарби Ишкошими Тоҷикистон, дар умқи 174 километр воқеъ будааст.
Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон низ хабар дод, ки 14 январи соли 2022, соати 21:13 ба вақти Тошканд дар Афғонистон заминларза рух дод.
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Аввалин заминларза дар соли 2022 дар Тоҷикистон рух дод
Дар бораи талафот ва хисорот дар қаламрави Тоҷикистон Кумитаи ҳолатҳои изтирории кишвар гузориш надодааст.
Бояд гуфт, ки давоми як ҳафта дар Афғонистон чанд заминларза ба амал омад.
Дар ин кишвар рӯзе чанд бор ларзиши замин, аз 4 то 5,5 балл сурата мегирад.
Қаблан Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон шарҳ дода буд, ки қисми зиёди Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол аст, бинобар ин дар ин қора заминларзаҳои зиёд рух медиҳанд.
Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон низ ба феҳристи минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором дохиланд.
Лентаи хабарҳо
0