https://sputnik.tj/20220115/spad-muboriza-mavod-mukhaddir-afghoniston-1044833798.html
СПАД амалиёти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро омода мекунад
СПАД амалиёти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро омода мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СПАД нақшаи чорабиниҳои мубориза бо маводи мухаддирро барои соли 2022 эълон кард
2022-01-15T10:15+0500
2022-01-15T10:15+0500
2022-01-17T10:33+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
амалиёт
спад
қочоқи маводди мухаддир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043045653_0:9:3072:1737_1920x0_80_0_0_c3d456041daf2e6697a556c82213484e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ соли 2022 дар наздикии марз бо Афғонистон се амалиёти зидди маводи мухаддир баргузор хоҳад кард.Дар ин бора дабири кулли СПАД Станислав Зас зимни як суҳбаташ дар шабакаи телевизионии "Россия 24" хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, ин мушкил дар робита ба ҳаводиси ахири Афғонистон аҳамияти хоса дорад. "Мо се марҳилаи як амалиётро барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба нақша гирифтаем", - шарҳ дод дабири кул. Вай ҳамчунин афзуд, ки "як маҷмуи вазифаҳо" дар соли 2022 амалӣ хоҳанд шуд. Ӯ ёдовар шуд, ки ин тарҳҳо бо дарназардошти тасмимҳои дар нишасти ахири сарони давлатҳо дар Душанбе гирифташуда таҳия шудаанд.Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфта буд, бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои узви СПАД-ро афзоиш медиҳад.Қобили зикр аст, ки маводи мухаддир аз тариқи Тоҷикистон аз Афғонистон ба Русия ва Аврупо интиқол дода мешавад.
https://sputnik.tj/20220115/lavrov--spad-shomil-1044833062.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043045653_215:0:2946:2048_1920x0_80_0_0_5592225328ca9dacd50cbadcf04ac61a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
спад амалиёт қочоқи маводи мухаддир афғонистонро
спад амалиёт қочоқи маводи мухаддир афғонистонро
СПАД амалиёти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро омода мекунад
10:15 15.01.2022 (Навсозишуда: 10:33 17.01.2022) Дабири кулли СПАД нақшаи чорабиниҳои мубориза бо маводи мухаддирро барои соли 2022 эълон кард
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ соли 2022 дар наздикии марз бо Афғонистон се амалиёти зидди маводи мухаддир баргузор хоҳад кард.
Дар ин бора дабири кулли СПАД Станислав Зас зимни як суҳбаташ дар шабакаи телевизионии "Россия 24" хабар дод.
"Мо барои соли ҷорӣ тадбирҳое дар соҳоти мухталиф - амнияти низомӣ, мубориза бо терроризм, амалиёти воқеиро ба нақша гирифтаем. Ҳамчунин тадобире низ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар барномаанд", - қайд кард Зас.
Ба гуфтаи ӯ, ин мушкил дар робита ба ҳаводиси ахири Афғонистон аҳамияти хоса дорад.
"Мо се марҳилаи як амалиётро барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба нақша гирифтаем", - шарҳ дод дабири кул.
Вай ҳамчунин афзуд, ки "як маҷмуи вазифаҳо" дар соли 2022 амалӣ хоҳанд шуд.
Ӯ ёдовар шуд, ки ин тарҳҳо бо дарназардошти тасмимҳои дар нишасти ахири сарони давлатҳо дар Душанбе гирифташуда таҳия шудаанд.
Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфта буд, бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои узви СПАД-ро афзоиш медиҳад.
Қобили зикр аст, ки маводи мухаддир аз тариқи Тоҷикистон аз Афғонистон ба Русия ва Аврупо интиқол дода мешавад.