https://sputnik.tj/20220115/rusiya-tojikiston-pul-1044833972.html
Русия барои ду тарҳ дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор миллион доллар ихтисос додааст
Русия барои ду тарҳ дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор миллион доллар ихтисос додааст
Sputnik Тоҷикистон
Як қисми ин маблағ барои рафъи оқибатҳои иқтисодии пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон равона карда мешавад
2022-01-15T11:20+0500
2022-01-15T11:20+0500
2022-01-17T11:02+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
смм
кӯмак
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0f/1044833534_0:50:960:590_1920x0_80_0_0_36e743766af41498423115286caed364.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи лоиҳаҳои Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар иртибот ба таҳкими ҷомеа дар Тоҷикистон баргузор шуд. Барои иҷрои ин тарҳҳои Барномаи рушди СММ Русия кумаки молӣ хоҳад кард, ки 3,85 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ин бора Шамил Шамсутдинов, мушовир-фиристодаи сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод."Ду лоиҳаи бузург - "Таҳкими ҷомеа дар вилояти Хатлон ва водии Рашти Тоҷикистон" ва "Кӯмак ба рафъи оқибатҳои иқтисодии COVID-19 тавассути беҳбуди шароити зиндагӣ, имконоти шуғл ва ҳамкориҳои минтақаӣ дар водии Фарғона" дар чаҳорчӯби иттиҳоде, ки Русия ва Тоҷикистонро мепайвандад, амалӣ хоҳанд шуд”, - қайд кард ин дипломат.Ба гуфтаи ӯ, саҳми Русия дар маблағгузории ин барномаҳо 3,85 миллион долларро ташкил медиҳад. Ӯ изҳор дошт, ки дар доираи ин лоиҳаҳо аллакай 120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, иқтидори 175 хоҷагӣ мустаҳкам шуда, нақшаҳои рушди ноҳияҳои Сангвор, Темурмалик, Восеъ ва Ховалинг барои солҳои 2021-2025 таҳия шудаанд. Дар ҷаласа муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Кристофорос Полис, кормандони бахшҳои дахлдор иштирок доштанд.Зимнан зикр гардид, лоиҳае, ки моҳи январи соли 2021 дар ҷиҳати рафъи оқибатҳои коронавирус оғоз гардид, ба беҳбуди шароити зиндагӣ ва пешбурди тиҷорати фаромарзӣ дар водии Фарғонаи Тоҷикистон марбут аст, ки он то июни соли 2023 давом хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20211011/rusiya-rushdi-moi-tojikiston-1042755452.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0f/1044833534_54:0:907:640_1920x0_80_0_0_cb4dc22a133143558a1c7727da73a502.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия тоҷикистон кумак
Русия барои ду тарҳ дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор миллион доллар ихтисос додааст
11:20 15.01.2022 (Навсозишуда: 11:02 17.01.2022) Як қисм аз ин маблағ барои рафъи оқибатҳои иқтисодии пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон сарф мешавад
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи лоиҳаҳои Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар иртибот ба таҳкими ҷомеа дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Барои иҷрои ин тарҳҳои Барномаи рушди СММ Русия кумаки молӣ хоҳад кард, ки 3,85 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Шамил Шамсутдинов, мушовир-фиристодаи сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод.
"Ду лоиҳаи бузург - "Таҳкими ҷомеа дар вилояти Хатлон ва водии Рашти Тоҷикистон" ва "Кӯмак ба рафъи оқибатҳои иқтисодии COVID-19 тавассути беҳбуди шароити зиндагӣ, имконоти шуғл ва ҳамкориҳои минтақаӣ дар водии Фарғона" дар чаҳорчӯби иттиҳоде, ки Русия ва Тоҷикистонро мепайвандад, амалӣ хоҳанд шуд”, - қайд кард ин дипломат.
Ба гуфтаи ӯ, саҳми Русия дар маблағгузории ин барномаҳо 3,85 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ӯ изҳор дошт, ки дар доираи ин лоиҳаҳо аллакай 120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, иқтидори 175 хоҷагӣ мустаҳкам шуда, нақшаҳои рушди ноҳияҳои Сангвор, Темурмалик, Восеъ ва Ховалинг барои солҳои 2021-2025 таҳия шудаанд.
"Федератсияи Русия на танҳо дастгирии молӣ, балки равишҳои пешрафтаи коршиносиро барои рушди минтақавӣ-иқтисодӣ ва инноватсия низ таъмин мекунад", - таъкид кард Шамсутдинов.
Дар ҷаласа муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Кристофорос Полис, кормандони бахшҳои дахлдор иштирок доштанд.
Зимнан зикр гардид, лоиҳае, ки моҳи январи соли 2021 дар ҷиҳати рафъи оқибатҳои коронавирус оғоз гардид, ба беҳбуди шароити зиндагӣ ва пешбурди тиҷорати фаромарзӣ дар водии Фарғонаи Тоҷикистон марбут аст, ки он то июни соли 2023 давом хоҳад кард.