https://sputnik.tj/20220115/hushdor-ob-havo-tojikiston-1044834934.html
Эҳтиёт бошед: ҳушдори якбора бад шудани обуҳаво дар Тоҷикистон
Эҳтиёт бошед: ҳушдори якбора бад шудани обуҳаво дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон давоми панҷ рӯзи оянда ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
2022-01-15T13:00+0500
2022-01-15T13:00+0500
2022-01-17T11:33+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
резиши тарма
борону барф
агентии ҳавосанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102163/96/1021639670_0:173:3500:2142_1920x0_80_0_0_b031337f55330f8415bf47c4f6ec1e5e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, аз 15 то 20 январи соли равон дар кишвар ҳаво номусоид хоҳад шуд. Ба иттилои манбаъ, тайи ин рӯзҳо дар водиҳо боридани борон, аз 17 то 19 январ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ боридани борону барф пешбинӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барфрезии шадид хоҳад шуд. Инчунин аз 16 то 19 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд, афзуд ин ниҳод.Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ (НТМ) ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма ва туман, дар ағбаҳо дурии биниш то 400 метр камтар дар назар дошта мешавад.Дар қитъаҳои шоҳроҳои Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз, Ванҷ, Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Мурғоб яхбандӣ ва дар баъзе қитъаҳо тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.Дар робита ба ногувор шудани обуҳаво Агентии обҳуавошиносӣ аз сокинон ва меҳмонони пойтахт дархост кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафар худдорӣ намоянд.Аз ронандагон даъват шудааст, ки воситаҳои нақлиёташонро барои ҳаракат дар шароити барфу яхбандӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз гардонида ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, бахусус дар манотиқи тармафаро фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.
https://sputnik.tj/20211201/havosanjon-zimiston-tojikistoniyon-1043857455.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102163/96/1021639670_206:0:3294:2316_1920x0_80_0_0_71b1d245e0295ba663f3f3c3a234b0aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эҳтиёт ҳушдор об ҳаво тоҷикистон
эҳтиёт ҳушдор об ҳаво тоҷикистон
Эҳтиёт бошед: ҳушдори якбора бад шудани обуҳаво дар Тоҷикистон
13:00 15.01.2022 (Навсозишуда: 11:33 17.01.2022) Дар Тоҷикистон ҳавои панҷ рӯзи оянда номусоид пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, аз 15 то 20 январи соли равон дар кишвар ҳаво номусоид хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, тайи ин рӯзҳо дар водиҳо боридани борон, аз 17 то 19 январ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ боридани борону барф пешбинӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барфрезии шадид хоҳад шуд.
Инчунин аз 16 то 19 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд, афзуд ин ниҳод.
Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ (НТМ) ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма ва туман, дар ағбаҳо дурии биниш то 400 метр камтар дар назар дошта мешавад.
Дар қитъаҳои шоҳроҳои Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз, Ванҷ, Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Мурғоб яхбандӣ ва дар баъзе қитъаҳо тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар робита ба ногувор шудани обуҳаво Агентии обҳуавошиносӣ аз сокинон ва меҳмонони пойтахт дархост кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафар худдорӣ намоянд.
Аз ронандагон даъват шудааст, ки воситаҳои нақлиёташонро барои ҳаракат дар шароити барфу яхбандӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз гардонида ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, бахусус дар манотиқи тармафаро фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.