Духтарчаи ҳафтсолаи рус ба даҳгонаи сарватмандтарин блогерҳо ворид шуд

CC BY-SA 2.0 / Rego Korosi / YouTube logoЛоготип Youtube, архивное фото
Логотип Youtube, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Обуна шудан
Духтарчаи ҳафтсолаи рус дар соли 2021 тавонистааст, ки беш ду миллиард рубл ба даст оварад
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Анастасия Радзинскаяи ҳафтсола аз Краснодар бори сеюм ба даҳгонаи блогерҳои сердаромадтарин дар "YouTube" ворид шудааст.
Дар ин бора бахши русии маҷаллаи "Forbes" навиштааст, ки даромади Анастасия зинаи шашуми рейтингро ишғол мекунад.
Гуфта мешавад, ин бологери кӯчак дар як сол 28 миллион доллар (қариб ду миллиарду 72 миллион рубл) кор кардааст.
Қайд мешавад, ки канали Радзинская Like Nastya ном дорад.
Мувофиқи маълумоти "Forbes", Радзинская соли сеюм аст, ки ба ин рейтинг дохил мешавад. Дар соли 2019 ӯ ҷои сеюмро гирифт, ки даромадаш 18 миллион долларро ташкил дод ва дар соли 2020 дар зинаи ҳафтум буд.
Блогер Дина Саева на премьере фильма в кинотеатре Октябрь. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Саева дар қатори Моргенштерн ба сегонаи гаронарзиштарин блогерҳои Русия ворид шуд
Тибқи иттилои нашрия, даромади Радзинская имсол 18,5 миллион доллар, шумораи умумии тамошобинони он 39 миллиард ва шумораи умумии муштариён 190,6 миллион нафарро ташкил додааст.
Ғайр аз он гуфта мешавад, Настя ягона духтар дар байни 10 блогери беҳтарини "YouTube" аст.
Дар ҷои аввал Ҷеймс Доналдсон, маъруф ба MrBeast аст. Ӯ дар як сол 54 миллион доллар ба даст оварда. Видеоҳои ӯро дар "YouTube" беш аз 10 миллиард бор боздид кардааанд.
Дар ҷойи дуюм бошад, видеоблогер Ҷейк Пол, муштзани маъруфи амрикоӣ қарор дорад ва даромади ӯ 45 миллион доллар будааст.
Дар сегонаи беҳтарин Марк Фишбах, маъруф ба Markiplier, ки дар як сол 38 миллион доллар ба даст овардааст, қарор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0